НАМОИШГОҲИ МОЛҲОИ ИСТЕҲСОЛИ АФҒОНИСТОН ДАР ҶТ БАРГУЗОР МЕГАРДАД

Декабрь 30, 2008 12:06

             Душанбе, 30 декабр. (АМИТ «Ховар», Покиза Маҳмадбекова.- Раиси Палатаи  савдо ва саноати ҷумҳурӣ Шариф Саид бо  намояндаи тиҷратии  сафорати Давлати Исломии Афғонистон дар Тоҷикистон Наҷибулло Раҳимӣ мулоқот кард. Зимни мулоқот масъалаҳои марбут ба рушди муносибатҳои тиҷоратию иқтисодии ҳар ду кишвар, амалӣ сохтани созишномаи ҳамкории палатаҳои савдо ва саноати Тоҷикистону Афғонистон ва ғайра  муҳокима шуданд.            Шариф Саид дар бораи самтҳои  афзалиятноки иқтисодиёти ҷумҳурӣ ва  натиҷаҳои фаъолияти палата дар соли 2008 маълумот дод. Қайд карда шуд, ки нимаи аввали соли 2009 дар Хоруғ мулоқоти соҳибкорону тоҷирони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшони Тоҷикистон ва Вилояти Бадахшони Афғонистон гузаронида мешавад.           Намояндаи тиҷоратии сафорати Афғонистон номаи мудири иҷроияи Палатаи савдо ва саноати мамлакаташ Муҳаммад Қурбон Ҳақҷӯро ба  Ш.Саид супорид. Дар он пешниҳод карда мешавад, ки  моҳи апрели соли 2009 дар шаҳри Душанбе намоишгоҳи нахустини байналхалқии «Рушди иқтисодиёти Афғонистон» ташкил карда шавад. Дар он молҳои гуногуни сохти Афғонстон намоиш дода хоҳанд шуд.

Декабрь 30, 2008 12:06

Хабарҳои дигари ин бахш

6 феврал дар якчанд вазорату идораҳо нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Оид ба тағйирёбии иқлим ва стратегияҳои мутобиқшавӣ дар Осиёи Марказӣ конференсияи байналмилалӣ доир мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд кумита, Академияи миллии илмҳо, Агентии назорати давлатии энергетикӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
5 феврал дар якчанд кумита, Академияи миллии илмҳо, Агентии назорати давлатии энергетикӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст
СОЛИ 2026 — СОЛИ АМАЛҲОИ НЕК, ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДА ВА ДАСТОВАРДҲОИ НАЗАРРАС. Онро метавон марҳилаи нави ободонӣ ва худшиносии миллӣ номид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
4 феврал дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад