НАМОЯНДАГОНИ ТАШКИЛОТИ ПУДРАТӢ ОИД БА КАМБУДИҲО ЭРОД ПЕШНИҲОД КАРДАНД

Декабрь 5, 2008 15:47

                Душанбе, 5 декабр. (АМИТ «Ховар», Мавзуна Бойева).- Маркази ноҳияи Шуғнони ВМКБ нақшаи генералии алоҳида надошта, дар самти шарқии шаҳри Хоруғ ҷойгир шудааст.               Тавре ба мухбири АМИТ «Ховар» дар Агентии сохтмон ва меъмории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд, барои дар масофаи наздик ҷойгир намудани маҳаллаҳои аҳолинишин бояд аз ҷониби мақомоти маҳаллии ҳокимяти давлатӣ ягон пешниҳоди мушаххас вуҷуд дошта бошад.              Инчунин, зикр гардид, ки дар баъзе иншоот барои муайян кардани сифати корҳои сохтмонӣ санҷиш гузаронида шудааст.              Сохтмони дармонгоҳ дар деҳаи Навободи ноҳияи Шуғнон аз ҷониби фармоишгар -РСА-и ВМКБ ва пудратчӣ — ҶСК «Помирсохтмон» анҷом дода шудааст.               Иншооти мазкур барои қабул ба комиссияи қабули давлатӣ омода карда шудааст. Дар васли системаи гармидиҳӣ ва фарши даромадгоҳ баъзе камбудиҳо ҷой доштанд, ки нисбати онҳо намояндагони ташкилоти пудратӣ эрод пешниҳод карданд.   

Декабрь 5, 2008 15:47

Хабарҳои дигари ин бахш

6 феврал дар якчанд вазорату идораҳо нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Оид ба тағйирёбии иқлим ва стратегияҳои мутобиқшавӣ дар Осиёи Марказӣ конференсияи байналмилалӣ доир мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд кумита, Академияи миллии илмҳо, Агентии назорати давлатии энергетикӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
5 феврал дар якчанд кумита, Академияи миллии илмҳо, Агентии назорати давлатии энергетикӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст
СОЛИ 2026 — СОЛИ АМАЛҲОИ НЕК, ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДА ВА ДАСТОВАРДҲОИ НАЗАРРАС. Онро метавон марҳилаи нави ободонӣ ва худшиносии миллӣ номид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
4 феврал дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад