НАМОЯНДАИ ҶАМЪИЯТИ САҲОМИИ «ДОНИШ БИДУНИ САРҲАД» ДАР ТОҶИКИСТОН
Душанбе, 22 декабр. (АМИТ «Ховар», Покиза Маҳмадбекова). — Муовини аввали раиси Палатаи савдо ва саноати ҷумҳурӣ Одил Сангов бо директори генералии ҷамъияти саҳомии «Дониш бидуни сарҳад», соҳибкори хусусӣ аз Иёлоти Муттаҳидаи Амрико Даниел Заретский мулоқот кард. Созмони мазкур ба аҳолии бисёр мамлакатҳо забони тиҷоратии англисиро омӯхта, бо иштироки мутахассисони хориҷӣ машғулиятҳои гуногун мегузаронад. Д. Заретский зикр намуд, ки дар ин соҳа дар Қирғизистон 14 сол боз кор мекунад ва мехоҳад бо Тоҷикистон низ ҳамкорӣ кунад. Нақшаи наздиктарини ҷамъияти саҳомӣ гирифтани иҷозати фаъолият дар Тоҷикистон ва шомил гардидан ба узвияти палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон мебошад. Зимни сӯҳбат роҳу усулҳои гуногуни ҳамкорӣ муҳокима шуданд.








9 феврал дар якчанд идораю корхона нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Оид ба тағйирёбии иқлим ва стратегияҳои мутобиқшавӣ дар Осиёи Марказӣ конференсияи байналмилалӣ доир мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст
СОЛИ 2026 — СОЛИ АМАЛҲОИ НЕК, ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДА ВА ДАСТОВАРДҲОИ НАЗАРРАС. Онро метавон марҳилаи нави ободонӣ ва худшиносии миллӣ номид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд






