НАРХИ МОЛИ БОЗОР АРЗОН МЕШАВАД

Декабрь 25, 2008 11:39

Душанбе, 25 январ. (АМИТ «Ховар», Покиза Маҳмадбекова).- Дар арафаи иди Соли нав дар бозорҳои пойтахт болоравии нархи  озуқаворӣ пешбинӣ карда намешавад. Мувофиқи маълумоти вазорати рушди иқтисод ва савдои ҷумҳурӣ, нархи навъҳои асосии  маводи хӯрока мисли  соли гузаша буда, амалан тағйир наёфта аст ва ҳатто нисбатан арзон шуда аст. Аз рӯи маълумоти Кумитаи давлатии омори ҷумҳурӣ дар давоми 10 моҳи гузаштаи соли равон ба мамлакат 443,8 ҳазор тонна орд ва  184,2 ҳазор тонна гандум ворид карда шудааст. Имрӯз нархи як халта орди  50 килограммаи навъи якуми истеҳсоли Қазоқистон аз 95 то 100 сомонӣ  ва нархи 1 литр равғани наботӣ аз 6 то 8 сомонӣ мебошад. Нархи ҳамаи  навъҳои биринҷ рӯзҳои охир то 2 сомонӣ арзон шудааст. Ҳоло як килограм  биринҷро ба ивази  аз 4 то 10 сомонӣ харидан мумкин аст. Имрӯзҳо нархи маводи озуқае нисбатан паст гардидааст, ки аз хориҷа ба Тоҷикистон ворид карда мешаванд. Мухбири АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, ки имрӯз дар бозорҳои пойтахт  нархи як килограм гӯшти гов 17 сомонӣ, картошка 1,5 сомонӣ, сабзӣ 1 сомонӣ ва  як литр равғани пахта 5 сомонӣ мебошад.

Декабрь 25, 2008 11:39

Хабарҳои дигари ин бахш

6 феврал дар якчанд вазорату идораҳо нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Оид ба тағйирёбии иқлим ва стратегияҳои мутобиқшавӣ дар Осиёи Марказӣ конференсияи байналмилалӣ доир мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд кумита, Академияи миллии илмҳо, Агентии назорати давлатии энергетикӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
5 феврал дар якчанд кумита, Академияи миллии илмҳо, Агентии назорати давлатии энергетикӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст
СОЛИ 2026 — СОЛИ АМАЛҲОИ НЕК, ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДА ВА ДАСТОВАРДҲОИ НАЗАРРАС. Онро метавон марҳилаи нави ободонӣ ва худшиносии миллӣ номид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
4 феврал дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад