НАСЛГИРӢ ДАР ХОҶАГИҲОИ ЧОРВОДОР КАМ ШУД

Декабрь 29, 2008 12:36

             Душанбе, 29 декабр. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Бино ба гуфтаи масъули бахши кишоварзии Кумитаи давлатии омор М.А. Абдуллоев, наслгирӣ дар хоҷагиҳои чорводор нисбат ба ҳамин давраи соли 2007 хеле кам гардидааст. Дар ҷумҳурӣ ба ҳисоби миёна аз ҳар сад сар модагов 49-сарӣ гӯсола гирифта шудааст. Наслгирӣ нисбати ҳамин давраи соли 2007 дар хоҷагиҳои чорводори ноҳияи Шаҳринав ба миқдори 6-сарӣ ва ноҳияи Ваҳдат 1-сарӣ кам шудааст.            Дар ҷумҳурӣ нисбат ба соли гузашта ба ҳисоби миёна аз ҳар 100 сар меш 85-сарӣ барра ва аз ҳар 100 сар буз 84-сарӣ бузича гирифта шудааст, ки дар қиёс ба як соли гузашта 3-сарӣ кам аст. Дар хоҷагиҳои вилояти Суғд бошад, аз сатҳи миёнаи нишондиҳандаи ҷумҳурӣ 5-сарӣ, ноҳияи Ҳисор-22, Шаҳринав-16 ва дар ноҳияи Ваҳдат 11-сарӣ кам барраю бузғола гирифта шудааст.               

Декабрь 29, 2008 12:36

Хабарҳои дигари ин бахш

6 феврал дар якчанд вазорату идораҳо нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Оид ба тағйирёбии иқлим ва стратегияҳои мутобиқшавӣ дар Осиёи Марказӣ конференсияи байналмилалӣ доир мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд кумита, Академияи миллии илмҳо, Агентии назорати давлатии энергетикӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
5 феврал дар якчанд кумита, Академияи миллии илмҳо, Агентии назорати давлатии энергетикӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст
СОЛИ 2026 — СОЛИ АМАЛҲОИ НЕК, ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДА ВА ДАСТОВАРДҲОИ НАЗАРРАС. Онро метавон марҳилаи нави ободонӣ ва худшиносии миллӣ номид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
4 феврал дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад