НАСОХТАНИ КАНАЛИ «КӮЛОБДАРЁ» ХАТАРИ ЭКОЛОГӢ ДОРАД

Декабрь 5, 2008 10:01

          Бино ба гуфтаи раиси ноҳияи Восеъ, узви Маҷлиси милии Маҷлиси Олӣ Алимурод Тағоймуродов, омили иҷро нашудани нақшаҳо дар соли ҷорӣ бекор мондани заминҳои обӣ аз сабаби нарасидани об мебошад. Агар барои ҳалли мушкилоти об, ки чанд соли охир барои пахтакору боғпарвар, чорводору замбӯри асалпарвар пеш омадааст, чораҳои зарурӣ андешида нашавад, минтақаи Кӯлобро  хатари калони экологӣ фаро мегирад. Биёбоншавии заминҳои обӣ, аз байн рафтани боғу токзорҳо, бо хӯрокаи сабз таъмин нашудани чорво мушкилоти ояндаи хоҷагидорон хоҳад шуд. Пешгирии ин ҳодисаи номатлуб танҳо дар ҳолати ба кор даровардани насосҳои обкаш ва бо иқтидори аввала барқарор кардани канали «Кӯлобдарё» имконпазир аст. Дар сурати амалӣ нашудани ин чорабинӣ, дар ду хоҷагии калони минтақа — Хоҷамӯъмину Хатлон биёбоншавии заминҳо ба даҳҳо ҳазор гектар мерасад.       

Декабрь 5, 2008 10:01

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
6 феврал дар якчанд вазорату идораҳо нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Оид ба тағйирёбии иқлим ва стратегияҳои мутобиқшавӣ дар Осиёи Марказӣ конференсияи байналмилалӣ доир мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд кумита, Академияи миллии илмҳо, Агентии назорати давлатии энергетикӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
5 феврал дар якчанд кумита, Академияи миллии илмҳо, Агентии назорати давлатии энергетикӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст
СОЛИ 2026 — СОЛИ АМАЛҲОИ НЕК, ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДА ВА ДАСТОВАРДҲОИ НАЗАРРАС. Онро метавон марҳилаи нави ободонӣ ва худшиносии миллӣ номид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
4 феврал дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд