НИСБАТИ РОҲБАРОНИ МУАССИСАҲО ЧОРАҲОИ МАЪМУРӢ ДИДА ШУД

Декабрь 15, 2008 15:39

           Душанбе, 15 декабр. (АМИТ «Ховар», Ибодат Давлатова). — Тибқи  Фармони Вазири тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон Нусратулло Салимов ҷиҳати амалӣ намудани дастуру супоришҳои  Президенти мамлакат,  гурўҳи корӣ  таҳти роҳбарии муовини Вазири тандурустӣ Соҳибназар Раҳмонов дар ҳайати сардорони раёсатҳои шўъбаҳои  дастгоҳи марказии Вазорати тандурустӣ  ва роҳбарони сармуассисаҳои ҷумҳурӣ  дар давоми ду ҳафта аз вазъи хизматрасонии тиббию санитарии   шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд дидан намуданд. Дар  рафти омўзиш  аз ҷониби  гурўҳи корӣ фаъолияти зиёда аз 17 беморхонаи ноҳиявӣ, 85 марказу дармонгоҳ ва 105 маркази саломатӣ мавриди санҷиш қарор гирифтанд.  Натиҷаҳои омўзиш  дар ҷаласаи  ҳайати мушовараи Раёсати тандурустии вилояти Суғд бо иштироки муовини раиси ҳукумати вилояти  Суғд Мавҷуда Бобоева муҳокима гардид. Нисбати  он роҳбарони муассисаҳое, ки ба камбудиҳо  роҳ додаанд, чораҳои маъмурӣ дида  шуд.  Ҳамзамон супориш дода шуд, ки бо мақсади бартараф намудани камбудиҳои ҷойдошта, нақшаи чорабиниҳо ва барномаҳои махсуси рушди соҳаи тандурустии вилояти Суғд таҳия карда шавад. Ҳамчунин, бо иштироки муовини вазири тандурустӣ Соҳибназар Раҳмонов ҷаласаи муовинони раиси ҳукумати шаҳру ноҳияҳои вилоят, ки сарпарасти соҳаи тандурустӣ мебошанд,  баргузор гардид.  Дар ҷаласа масъалаҳои ҳалталабе,  ки иҷроиши онҳо аз мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ вобастагӣ дорад, муҳокима карда шуданд.    

Декабрь 15, 2008 15:39

Хабарҳои дигари ин бахш

9 феврал дар якчанд идораю корхона нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
6 феврал дар якчанд вазорату идораҳо нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Оид ба тағйирёбии иқлим ва стратегияҳои мутобиқшавӣ дар Осиёи Марказӣ конференсияи байналмилалӣ доир мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд кумита, Академияи миллии илмҳо, Агентии назорати давлатии энергетикӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
5 феврал дар якчанд кумита, Академияи миллии илмҳо, Агентии назорати давлатии энергетикӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст
СОЛИ 2026 — СОЛИ АМАЛҲОИ НЕК, ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДА ВА ДАСТОВАРДҲОИ НАЗАРРАС. Онро метавон марҳилаи нави ободонӣ ва худшиносии миллӣ номид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд