НОМИ ШОИРИ МАЪРУФ БА ЯКЕ АЗ МАКТАБҲОИ ЁВОН ГУЗОШТА ШУД

Декабрь 13, 2008 13:03

               Душанбе, 13 декабр. (АМИТ «Ховар», Лутфия Эшонқулова). — Имрӯз дар ноҳияи Ёвон бахшида ба гузоштани номи шоири маъруф Қутбӣ Киром ба мактаби миёнаи рақами 31 — уми ноҳия ҷамъомади ботантана баргузор гардид. Дар он намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, шоирону нависандагон ва аҳли ҷамъият ширкат варзиданд. Аз Иттифоқи нависандагон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, ки дар ҷамъомади мазкур мушовири давлатии Дастгоҳи иҷроияи Президенти ҷумҳурӣ Мансури Сурӯш ва шоирону нависандагон Абдулҳамид Самадов, Холмурод Шарифов, Мӯъмин Қаноат ва Шаҳрия иштирок доштанд.               Мухбири АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, ки мактаби рақами 31 — ум яке аз мактабҳои калонтарину машҳуртарини ноҳияи Ёвон ба шумор меравад. Бинои мактаб аввали соли равон ба куллӣ тармим карда шуд.

Декабрь 13, 2008 13:03

Хабарҳои дигари ин бахш

9 феврал дар якчанд идораю корхона нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
6 феврал дар якчанд вазорату идораҳо нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Оид ба тағйирёбии иқлим ва стратегияҳои мутобиқшавӣ дар Осиёи Марказӣ конференсияи байналмилалӣ доир мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд кумита, Академияи миллии илмҳо, Агентии назорати давлатии энергетикӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
5 феврал дар якчанд кумита, Академияи миллии илмҳо, Агентии назорати давлатии энергетикӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст
СОЛИ 2026 — СОЛИ АМАЛҲОИ НЕК, ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДА ВА ДАСТОВАРДҲОИ НАЗАРРАС. Онро метавон марҳилаи нави ободонӣ ва худшиносии миллӣ номид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд