ОҒОЗИ ИҶРОИ БАРНОМАИ ИСТИФОДАИ МАНБАЪҲОИ ҚУВВАИ БАРҚ ВА ГАРМӢ

Декабрь 31, 2008 11:24

Душанбе, 31 декабр. (АМИТ «Ховар», Наргис Бойахмедова).- 1 январ дар баъзе ноҳияҳои водии Зарафшон иҷрои барномаи  «Самаранокии истифодаи манбаъҳои барқароршавандаи қувваи барқ ва гармӣ дар хоҷагиҳои шахсӣ»  шурӯъ мегардад. Барномаи мазкур бо дастгирии  Комиссияи Аврупо ва  Созмони кишоварзии Олмон амалӣ карда мешавад. Аз намояндагии Комиссияи Аврупо дар Душанбе ба мухбири АМИТ  «Ховар»  хабар доданд, ки ҳадафи асосии барнома беҳтар намудани шароити зиндагии гурӯҳҳои камбизоати аҳолӣ дар ноҳияҳои Айнӣ ва Кӯҳистони Мастчоҳ мебошад. Барнома дар ин ноҳияҳо бо иштироки худи хоҷагиҳои шахсӣ амалӣ карда мешавад. Барои иҷрои барнома бештар аз 805 ҳазор евро сарф карда хоҳад шуд. Дар ҷараёни иҷрои барнома ба  истифодаи самарабахши захираҳои мавҷудаи энергетикии маҳаллӣ бо мақсади сарфа кардани сӯзишворӣ, гарм кардани хонаҳо ва  аз таъсири муҳити берунӣ муҳофизат кардани онҳо диққати асосӣ дода хоҳад шуд.

Декабрь 31, 2008 11:24

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши барф дар назар аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Дастовардҳои варзишгарони ноҳияи Ёвон дар соли 2025 муаррифӣ карда шуданд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон соли 2025 бо ҷалби 30 ҳазор аҳолӣ оид ба ҳифзи муҳити зист ҳамоиш гузаронид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Доир ба пешгирии бемориҳои сироятӣ ва ғайрисироятӣ ҳамоиш баргузор шуд
Бунёди неругоҳҳои офтобӣ бо иқтидори 1500 мегаватт Тоҷикистонро ба давлати тавлидкунандаи энергияи «сабз» табдил медиҳад
Big Data дар смартфони Шумо: чӣ тавр операторон пешниҳодҳои махсус омода менамоянд?
Соли 2025 кишоварзони шаҳри Турсунзода дар таъмини амнияти озуқаворӣ саҳми арзанда гузоштанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво тағйирёбандаи бебориш мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд