ОҒОЗИ НАМОИШҲОИ ИДОНА ДАР СИРК
Душанбе, 26 декабр. (АМИТ «Ховар», Лутфия Эшонқулова).- Имрӯз дар бинои Сирки давлатии ҷумҳурӣ намоишҳои идонаи солинавӣ оғоз меёбанд. Муовини директори сирк Давлат Сафаров ба АМИТ «Ховар» хабар дод, ки ҳунарпешагон имсол ба муносибати фаро расидани Соли нав барои тамошобинон барномаҳои гуногунранг тайёр намуданд. Барномаи идона саҳначаҳои гуногун, аз ҷумла ҳунарнамоии духтарони дорбоз, гимнастҳо, масхарабозон ва ҳайвоноти ромшударо дар бар мегирад. Барномаи идона таҳти роҳбарии директори судияи санъати сирк Ашӯр Раҷабов таҳия карда шуд. Бояд гуфт, ки аксарияти иштироккунандагони он дастпарварони ҳамин студия мебошанд. Барномаи идона ҳар рӯз то 20 январ намоиш дода мешавад.








9 феврал дар якчанд идораю корхона нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Оид ба тағйирёбии иқлим ва стратегияҳои мутобиқшавӣ дар Осиёи Марказӣ конференсияи байналмилалӣ доир мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст
СОЛИ 2026 — СОЛИ АМАЛҲОИ НЕК, ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДА ВА ДАСТОВАРДҲОИ НАЗАРРАС. Онро метавон марҳилаи нави ободонӣ ва худшиносии миллӣ номид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд






