ОЛИМОН ПЕШНИҲОДИ ПРЕЗИДЕНТРО ДАСТГИРӢ НАМУДАНД

Декабрь 25, 2008 12:45

           Душанбе, 25 декабр. (АМИТ «Ховар», Людмила Дубинина).- 24 декабр дар шаҳри  Душанбе бахшида ба 100 — солагии рӯзи таваллудии олими барҷаста ва арбоби намоёни давлатӣ Бобоҷон Ғафуров конфронси байналхалқии илмӣ баргузор гардид. Дар фарҷоми он қарори дахлдор қабул карда шуд. Иштирокчиёни конфронс зикр карданд, ки  саҳми Б.Ғафуров дар пешрафти соҳаҳои гуногуни илмҳои  ҷамъиятшиносӣ хеле бузург аст ва то  ҳол пурра омӯхта нашудааст.          Дар қарори конфронс гуфта мешавад, ки иштирокчиёни он пешниҳоди  Президенти ҷумҳуриро дар бораи нашри  маҷмуаи асарҳои  Б.Ғафуров дастгирӣ намуданд. Онҳо пешниҳод карданд  ки асари илмии калонҳаҷми соли 1947 нашршудаи «Таърихи  халқи тоҷик»  аз нав  чоп карда шавад. Зеро асари мазкур дар  таърихи илми Тоҷикистон нақши муҳим мебозад.         Иштирокчиёни конфронс ҳамчунин пешниҳод намуданд, ки  мақолаҳои Б.Ғафуров бахшида ба  проблемаҳои таъриху фарҳанги халқи тоҷик ба забони тоҷикӣ тарҷума ва нашр карда шаванд. Илова бар ин дар бораи  фаъолияи илмии Б.Ғафуров ва   ташкилкунандаи экспедитсияи бостоншиносии  Тоҷикистон, яке аз  ҳамсафони Ю.Ғафуров- А. Беленитский мақолаю асарҳои илмӣ таълиф карда шаванд.         Иштирокчиёни конфронс пешниҳодро дар бораи таъсиси стипендияи ба номи Б.Ғафуров барои донишҷӯён дастгирӣ намуданд.

Декабрь 25, 2008 12:45

Хабарҳои дигари ин бахш

Аз 22 то 24 декабр дар бештари ноҳияҳои Тоҷикистон фаромадани туман ва резиши қирав боқӣ мемонад
Паём — роҳнамои татбиқи идеяҳои низоми давлатдории миллӣ
Ба 10 зани ҳунарманд ва соҳибкори шаҳри Бӯстон гранти раиси шаҳр тақдим карда шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе бориши борон ва барф дар назар аст
Оид ба рушди ҳунармандӣ ва истифода аз грантҳои президентӣ дар ноҳияи Рӯдакӣ машғулияти омӯзишӣ доир гардид
Доир ба нақши Китобхонаи миллии Тоҷикистон дар омӯзиши забонҳои чинӣ ва кореягӣ конфронс доир шуд
Дар вилояти Суғд ғолибони озмунҳо қадрдонӣ гардиданд
Дар шаҳри Ҳисор маъракаи азнавбақайдгирии нафақагирон идома дорад
Имрӯз дар Тоҷикистон зимистони астрономӣ фаро мерасад
Паёми Президенти Тоҷикистон дар ташаккули қонунгузории миллӣ нақши марказӣ дорад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
«Кока-Кола Нӯшокиҳои Тоҷикистон» ва Федератсияи футболи Тоҷикистон ҳамкории дарозмуддатро тасдиқ намуданд