ОМОДАГИИ МУАССИСАҲОИ ТИББӢ БА ТИРАМОҲУ ЗИМИСТОНИ СОЛҲОИ 2008-2009
Душанбе, 23 декабр. (АМИТ «Ховар», Ибодат Давлатова). — Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сари вақт омода намудани соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёти ҷумҳурӣ барои фаъолияти мунтазам ва самарабахш дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2008-2009» ва оид ба омодагии муассисаҳои табобатию профилактики ҷумҳурӣ ба мавсими тирамоҳу зимистони солҳои 2008-2009 як қатор корҳоро ба анҷом расонид. Бояд зикр кард, ки ҷиҳати тайёрии ҳамаҷониба ба мавсими тирамоҳу зимистони солҳои 2008-2009 дар муассисаҳои тандурустии шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ то имрўз як қатор тадбирҳо амалӣ шудаанд. Тавре ба мухбири АМИТ «Ховар» аз маркази матбуоти Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, мувофиқи маблағҳои дар соли 2008 ҷудошуда, нақшаи захира дар давраи омодагӣ ба фасли тирамоҳу зимистони солҳои 2008-2009 дар муассисаҳои табобатию профилактикии ҷумҳурӣ чунин мебошад: захираи ангишт 5110,5 тонна (дар асл 4895,6 тонна), ҳезум 6955 м3 (дар асл 9215,5 м3 ), сўзишворӣ 185,5 тонна (дар асл 148,4 тонна). Сабаби иҷро нашудани нақшаи захираи ангишт дар он аст, ки дар ҳудуди ВМКБ нархи 1 тонна ангишт аз 400 сомонӣ 850 сомонӣ расид. Аз ин сабаб ба ҷои ангишт ҳезум харидорӣ шудааст. Ҳамаи беморхонаҳои марказии шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ дорои хати тозаи барқ, 3415 адад печкаи барқӣ ва 612 адад генератори барқӣ буда, дар ҳолати қатъ гардидани қувваи барқ аз онҳо истифода мебаранд. Дар қисми зиёди муассисаҳои соҳаи тандурустӣ корҳои шишабандӣ, таъмири капиталӣ ва косметикии бинову иншоот ва қубурҳои обгузар анҷом дода шудааст.








«НАВРӮЗ-МЕРОСИ ФАРҲАНГИЮ ҶАҲОНГАРДӢ». Таҳти ин унвон фестивали байналмилалӣ доир мегардад
«МегаФон Life»: замимае, ки ба он эътимод доранд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво то 18 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ карда мешавад
Таомҳои тоҷикӣ дар шаҳрҳои Федератсияи Русия ба таври шоиста муаррифӣ мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад
Дар Ҳисор ҳамоиши минтақавии раисони шуроҳои ҷангу меҳнати шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ доир шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
«АСРИ ЗАРРИН»-И ТАЪРИХИ ТОҶИКОН. Замони давлатдории Сомониёнро муҳаққиқони илми таърих чунин ном гузоштаанд
Зуд, мувофиқ, осон: чат-боти «Доно» ба муштариён чӣ тавр кумак мерасонад
Дар Панҷакент филиали Муассисаи давлатии «Ташаккул ва рушди соҳибкории Тоҷикистон» ифтитоҳ гардид






