ОВОЗАҲОИ БЕАСОС
Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад, ки Соли навӣ мелодӣ дар Тоҷикистон чун ҳарсола бо шукӯҳу шаҳомати анъанавӣ ҷашн гирифта мешавад ва барои ин ҳеҷ монеа вуҷуд надорад. Овозаҳое, ки миёни мардум дар бораи имсол таҷлил нагаштани Соли нав паҳн шудаанд, ягон асосӣ воқеӣ надоранд. Муносибати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи таҷлили Соли нави мелодӣ дар паёми табрикии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати фарорасии соли нави 2008 ба таври возеҳу равшан баён гашта буд ва он тағйир наёфтааст: — «Мо, тоҷикон дар давоми таърихи бостон солшумориҳои зиёди худиро, аз қабили суғдию хоразмӣ, суриёнию муҷал, хиҷрии шамсию қамарӣ доштем, вале аз рӯи анъанаи қабулшуда Соли нави мелодиро низ бо суруду шодмонӣ ҷашн мегирем». Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дирӯз роҳбарони вазорату идораҳо, ташкилоту муассисаҳои давлатию ҷамъиятӣ ва хусусан муассисаҳои таълимию тандурустиро қатъан вазифадор намуд, ки дар арафаи Соли нави мелодӣ оид ба пешгирӣ аз сӯхтор ва таъмини тартиботи ҷамъиятӣ тадбирҳои судбахш андешанд.








9 феврал дар якчанд идораю корхона нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Оид ба тағйирёбии иқлим ва стратегияҳои мутобиқшавӣ дар Осиёи Марказӣ конференсияи байналмилалӣ доир мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст
СОЛИ 2026 — СОЛИ АМАЛҲОИ НЕК, ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДА ВА ДАСТОВАРДҲОИ НАЗАРРАС. Онро метавон марҳилаи нави ободонӣ ва худшиносии миллӣ номид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд






