ОЁ ТОҶИКОН ДАР РУСИЯ ҶИНОЯТ СОДИР МЕКУНАНД?

Декабрь 17, 2008 09:11

         Душанбе, 17  декабр. (АМИТ «Ховар», Наргис  Бояхмедова). –  Намояндаи  муваққатии  ваколатдори Федератсияи  Русия  дар Тоҷикистон  Вячеслав  Светличний дар  номаи  ҷавобии  худ  ба  ёддошти  эътирозии Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон  менависад, ки  «Коргарони  муҳоҷир  бисёр  вақт  дар  бораи  ҳуқуқу  вазифаҳои  шаҳрвандӣ  ва  ҳуқуқии  худ  ягон  тасаввурот  надоранд,  онҳо  забони  русиро   намедонанд, ё   хеле  кам  омӯхтаанд. Ин   сабаби  аз  ҷониби онҳо  риоя накардани  қонуну  қоидаҳои  дар  қаламрави   Федератсияи  Русия  муқарраршуда  мегардад. Илова бар  ин ҳаминро  ба  назар  гирифтан  лозим  аст, ки  қисми  зиёди  ҷиноятҳоро  ба  муқобили  шаҳрвандони  Тоҷикистон  худи  ҳамдиёрони онҳо  ё  шаҳрвандони  давлатҳои  дигар  содир  мекунанд.                 Ба  қавли  намояндаи  муваққатии  ваколатдори  Русия дар  Тоҷикистон,  миқдори  содир  кардани  ҷиноят  аз  тарафи   шаҳрвандони  Тоҷикистон  дар  қаламрави  Русия  дар  давоми  панҷ  соли охир ду  баробар  афзудааст. Вай  зикр  мекунад,  ки  шаҳрвандони  Тоҷикистон соли  2003  — юм  4100 ва  соли 2007 — ум  8541  ҷиноят  содир  кардаанд. Аз  ҷумлаи  ин  ҷиноятҳо  73  ҷиноят  ба  куштор, 74  ҷиноят ба  расондани  зарари  ҷисмонӣ ва  50  ҷиноят  ба таҷовуз  ба  номус  мансуб  мебошанд.          Қайд  карда  мешавад, ки  871   шаҳрванди  Тоҷикистон  барои  содир  намудани  ҷиноятҳои  марбут  ба  хариду  фурӯши  ғайриқонунии  маводи  нашъадор  ба  ҷавобгарӣ  кашида шудааст. Шаҳрвандони тоҷик  аз  ҷиҳати  содир  гардидани  ҷиноят дар  байни   коргарони  муҳоҷири  хориҷӣ  дар  қаламрави  Федератсияи  Русия  ҷои  дуюмро ишғол мекунанд, менависад  В.Светличний.         Мухбири  АМИТ «Ховар»  ёдовар  мешавад, ки  6  декабр  дар  вилояти  Маскав  шаҳрванди  Тоҷикистон Салоҳиддин  Азизов  ба қатл  расонда шуд. ВКХ  Тоҷикистон  вобаста ба  ин   амали  ҷинояткорона  ба  намояндаи  муваққатии ваколатдори  Федератсияи  Русия  дар  Тоҷикистон В.Светличний  ёддошти  эътирозӣ  супорид. 

Декабрь 17, 2008 09:11

Хабарҳои дигари ин бахш

9 феврал дар якчанд идораю корхона нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
6 феврал дар якчанд вазорату идораҳо нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Оид ба тағйирёбии иқлим ва стратегияҳои мутобиқшавӣ дар Осиёи Марказӣ конференсияи байналмилалӣ доир мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд кумита, Академияи миллии илмҳо, Агентии назорати давлатии энергетикӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
5 феврал дар якчанд кумита, Академияи миллии илмҳо, Агентии назорати давлатии энергетикӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст
СОЛИ 2026 — СОЛИ АМАЛҲОИ НЕК, ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДА ВА ДАСТОВАРДҲОИ НАЗАРРАС. Онро метавон марҳилаи нави ободонӣ ва худшиносии миллӣ номид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд