ПУТИН ШУМОРАИ МУҲОҶИРОНРО 50 ФОИЗ КОҲИШ МЕДИҲАД?

Декабрь 6, 2008 12:15

               Душанбе, 6 декабр. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — Сарвазири Федератсияи Россия Владимир Путин 4-уми декабр тайи гуфтугӯи мустақими телевизионӣ дар мавриди хатари афзоиши бекорӣ дар Россия гуфт, ки эҳтимоли афзоиши бекорӣ то ду миллион нафар аст ва бо назардошти вазъи мураккаб дар бозори кор, квотаро барои хориҷиён ҳадди ақал то 50 фоиз коҳиш бояд дод.              Чунин эълони Сарвазири Россия муҳоҷирони кории тоҷики дар ин кишварбударо низ нигарон кардааст. Роҷеъ ба ин масъала намояндаи Созмони ҷаҳонии кор дар Россия Наталя Шербакова ба доираи васеи хабарнигорон гуфтааст, ки агар квота ба ҳамин шакли пешниҳодии Владимир Путин тасдиқ шавад, барои миллионҳо мардум мушкилоти зиёд эҷод хоҳад кард. «Мақомоти кишварҳое, ки шаҳрвандонашон ба Россия барои кор мераванд, бо назардошти тақозои ҷониби пазиранда бояд тадбирҳои мушаххас биандешанд, то мардуми овора ҷабр набинад», — афзудааст ӯ.              Инчунин, раиси Бунёди созмонҳои муҳоҷирини Россия Лидия Графова дар ишора ба корпартоии бинокорони тоҷик дар Екатеринбург гуфтааст, ки бояд барои дарёфти квота мақомоти маҳаллӣ талош намоянд, зеро муҳоҷирон танҳо дар заминаи квота ҳуқуқи кор ба даст оварданро доранд.             

Декабрь 6, 2008 12:15

Хабарҳои дигари ин бахш

6 феврал дар якчанд вазорату идораҳо нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Оид ба тағйирёбии иқлим ва стратегияҳои мутобиқшавӣ дар Осиёи Марказӣ конференсияи байналмилалӣ доир мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд кумита, Академияи миллии илмҳо, Агентии назорати давлатии энергетикӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
5 феврал дар якчанд кумита, Академияи миллии илмҳо, Агентии назорати давлатии энергетикӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст
СОЛИ 2026 — СОЛИ АМАЛҲОИ НЕК, ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДА ВА ДАСТОВАРДҲОИ НАЗАРРАС. Онро метавон марҳилаи нави ободонӣ ва худшиносии миллӣ номид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
4 феврал дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад