РАЁСАТИ ОТАШНИШОНИИ ВМКБ СОҲИБИ МОШИНИ НАВ ШУД
Хоруғ, 9 декабр. (АМИТ «Ховар», Л.Додоев).- Раёсати оташнишонии ВМКБ соҳиби мошини нави оташнишонӣ шуд, ки арзиши он 50 ҳазор доллар аст. Тавре муовини сардори Раёсати оташнишонии ВМКБ Анваршоҳ Шоҳлангаров иттилоъ дод, муассисаи номбурда то имрӯз техникаи хеле заиф дошт. Навтарин мошинҳои оташнишониро 26 сол қабл харида буданд (тамғаи ГАЗ 52 ва ГАЗ 66), ки ҳаҷми ғунҷоиши об дар онҳо аз 2 тоннаю 300 кг зиёд нест. Ҳаҷми ғунҷоиши оби мошини нав, ки онро аз Чин харидаанд, қариб 6 тонна аст ва аз мошинҳои пештара бартариҳои бештаре дорад. Мошин бо маблағи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатии вилоят харида шуд. Тибқи қарори раиси ВМКБ, минбаъд ҳар сол барои харидани техникаи ҷадид ба Раёсати оташнишонии вилоят маблағи муайян ҷудо карда мешавад. Мошинҳои кӯҳнаро бошад, ба ноҳияҳо мефиристонанд.








Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Дар Русия аз дақиқаҳои аввал дар алоқа бимонед!
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






