Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
ДУШАНБЕ, 29.01.2026 /АМИТ «Ховар»/. Бо мақсади таъмини шаффофият, ҳифзи ҳуқуқи шаҳрвандон ва пешгирии ҳолатҳои фиребгарӣ дар майдонҳои сохтмонӣ ва шуъбаҳои фурӯши манзилҳои истиқоматии шаҳри Душанбе QR-кодҳои махсус ба роҳ монда шудаанд. Дар ин хусус Раиси Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Низом Мирзозода 29 январ зимни нишасти матбуотӣ иттилоъ дод.
«Шаҳрвандон акнун пеш аз хариди манзил метавонанд тавассути ворид шудан ба QR-код бо фаъолияти ширкатҳои биносоз шинос шаванд. Дар низоми электронӣ тамоми маълумот дар бораи пудратчиён ва ширкатҳои сохтмонӣ ҷой дода шудааст. Ин ба шаҳрвандон имкон медиҳад, ки фаъолияти онҳоро муқоиса намуда, баъдан хона харанд», – таъкид намуд Низом Мирзозода.
Ба иттилои раиси кумита, агар номи ширкат дар рӯйхати «сиёҳ» қарор дошта бошад, ин маънои онро дорад, ки дигар ба он ширкат набояд эътимод кард ва чунин ширкат дигар ҳаққи фурӯши иншоотро надорад.
Зимни нишасти матбуотӣ хабарнигорон бо нигаронӣ иброз доштанд, ки сокинон аз он шикоят доранд, ки баъзе ширкатҳо як манзилро ба чанд нафар мефурӯшанд. Ин амал дар натиҷа сабаби муноқишаҳои ҳуқуқӣ, поймол гардидани ҳуқуқи шаҳрвандон ва аз байн рафтани эътимод ба ширкатҳои биносоз мегардад.
«Ҳарчанд кумита дар ин самт корҳои зиёде анҷом медиҳад, вале шаҳрвандон низ бояд маърифати ҳуқуқии худро боло бардоранд. Мо дар шароити бозаргонӣ қарор дорем ва муносибат байни шаҳрванд ва пудратчӣ бояд пурра дар доираи қонун амалӣ гардад»,- иброз намуд Низом Мирзозода.
Иброз гардид, ки шартномаҳои хариди манзил ҳатман бояд ба таври расмӣ дар дафтари асноди расмӣ (нотариус) ба қайд гирифта шаванд, зеро танҳо дар ин ҳолат онҳо қувваи ҳуқуқӣ мегиранд ва баҳсҳо метавонанд тавассути суд ҳал карда шаванд.
Иттилоъ дода шуд, ки дар айни замон комиссияи корӣ барои бозбинӣ ва такмили Кодекси шаҳрсозии Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият дошта, аллакай тағйиру иловаҳо пешниҳод карда шудаанд. Дар ҳолати қабул гардидани тағйиру иловаҳо минбаъд ширкатҳои сохтмонӣ барои сифати сохтмон ва устувории бино дар тамоми давраи фаъолият ҷавобгар хоҳанд буд.
Ёдовар мешавем, ки шаҳрвандон метавонанд тавассути QR-кодҳои махсус ба системаи электронии www.memor.pro ворид шуда, дар бораи сохтмони биноҳои истиқоматии баландошёна иттилои расмӣ гиранд.
Он ба шаҳрвандон дар бораи мавҷуд будани қарори лоиҳакашӣ, мувофиқа шудани нақшаи кулли бино ва иншоот, доштани шиносномаи бино ва хулосаи экспертиза, мавҷуд будани қарори сохтмон ва гирифтани иҷозат барои оғози корҳои сохтмонии ширкатҳо маълумот медиҳад.
Моҳинави НАВРӮЗ,
АМИТ «Ховар»
АКС: АМИТ «Ховар»








Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе






