«РОҲСОЗ-7» ВА «СОМОН-7» ДАР РАШТУ НУРОБОД РОҲ МЕСОЗАНД
Душанбе, 17 декабр. (АМИТ «Ховар», Мавзуна Бойева).- Тибқи «Лоиҳаи таҷдиди роҳи Душанбе — сарҳади Ҷумҳурии Қирғизистон, фазаи дуюм», аз 16 апрели соли 2008 барои таъмири роҳҳои маҳаллӣ дар ноҳияҳои Нуробод ва Рашт байни Вазорати нақлиёт ва коммуникатсияи ҶТ ва ширкатҳои ватании «Роҳсоз-7» ва «Сомон-7» шартнома ба имзо расида буд. Тавре ба мухбири АМИТ «Ховар» дар маркази тадбиқи лоиҳаҳои таҷдиди роҳҳои ҶТ иттилоъ доданд, то 1-уми декабри соли 2008 аз масофаи 60 км таъмири 29,6 км роҳ ба анҷом расидааст. Маблағи умумии корҳо 1,2 млн. доллари ИМА-ро ташкил медиҳад. Айни замон дар ноҳияи Нуробод ва Рашт корҳои барқарорсозӣ идома дорад. Нисбати таъмири роҳҳои қитъаи Қарамиқ бошад, Фонди ОПЕК барои ҷудо кардани 3,5 млн. доллари ИМА розигӣ дод. Бояд зикр намуд, ки шумораи умумии коргарон дар лоиҳа 260 нафар аст. Аз ҷумла, 125 нафар коргари маҳаллӣ ва 135 нафар коргари хориҷӣ. Ҳамчунин, 18 адад техникаву таҷҳизоти маҳаллӣ ва 141 адад лавозимоти хориҷӣ истифода шуда истодааст.








Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Оид ба тағйирёбии иқлим ва стратегияҳои мутобиқшавӣ дар Осиёи Марказӣ конференсияи байналмилалӣ доир мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст
СОЛИ 2026 — СОЛИ АМАЛҲОИ НЕК, ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДА ВА ДАСТОВАРДҲОИ НАЗАРРАС. Онро метавон марҳилаи нави ободонӣ ва худшиносии миллӣ номид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд






