РУШДИ ФАЪОЛИЯТИ МАРКАЗИ ДИПЛОМАТИЯИ ПЕШГИРИКУНАНДАИ СММ ДАР ОСИЁИ МАРКАЗӢ

Декабрь 15, 2008 16:56

        Душанбе,  15  декабр.(АМИТ «Ховар», Фарангис  Раҳимова). –  Намояндаи  махсуси  Муншии  умумии  СММ  дар  Осиёи  Марказӣ  Мирослав  Йенча дар  ҳузури  аъзои  Шӯрои  амнияти  СММ  дар  бораи  фаъолияти  Маркази  минтақавии  созмон  оид ба   дипломатияи  пешгирикунанда  дар  Осиёи  Марказӣ  маърӯза  кард. Аъзои  Шӯрои  амният  фаъолияти   маркази  мазкурро   дар  минтақа  маъқул  донистанд.  Маркази  СММ  моҳи  декабри  соли  2007   дар  Ашқобод  кушода шуда буд.  Чунин  марказҳо  минбаъд   дар  ҳамаи  5  мамлакати  Осиёи  Марказӣ  кушода  мешаванд.  Ин  марказҳо  ба  ҳукуматҳои  мамлакатҳои  Осиёи  Марказӣ   барои  афзун  гардонидани  имкониятҳои   бо  роҳҳои осоишта   бартараф  сохтани   баҳсу  мунозираҳо ва  пешгирии  муноқишаҳо  ва  ихтилофот бо  роҳи  гуфтушунид  ва  истифода  аз   дастгирии  байналхалқӣ  кӯмак  мерасонанд. Марказҳо  барои  ин   бо  созмонҳои  минтақавӣ   ҳамаҷониба  ҳамкорӣ хоҳанд  кард. Муншии  умумии  СММ  қабл  аз ин  пешниҳод  карда  буд, ки  нақши  фаъолияти  пешгирикунандаи  муноқишаҳо  ва  миёнаравии  СММ  дар мамлакатҳо  тақвият  дода шавад.  Минбаъд   Созмони  милал  аз  амалияи  бартараф  сохтани  муноқишаҳои  мусаллаҳона  ба  ташаккули  фарҳанги  пешгирии онҳо  ва  амалӣ  сохтани  тадбирҳое  шурӯъ  хоҳад  кард, ки  ҳадафи  онҳо  аз  байн  бурдани  сабаби  зуҳуроти  шиддати  вазъият  ва   муноқишаҳои  мусаллаҳона  мебошад. Баъди  анҷоми  машварат   раиси  Шӯрои  амният,  намояндаи  доимии  Хорватия  дар  СММ  Ранко  Вилович  ба  хабарнигорон  гуфт, ки   марказ бо   давлатҳо ва  созмонҳои  минтақавӣ   барои  иҷрои  вазифаҳои  ба зимма  гирифтааш   самарабахш  ҳамкорӣ  мекунад.  Дар  ин  бора  аз  дафтари  матбуоти  намояндагии  СММ  ба  АМИТ «Ховар»  хабар  доданд.  

Декабрь 15, 2008 16:56

Хабарҳои дигари ин бахш

6 феврал дар якчанд вазорату идораҳо нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Оид ба тағйирёбии иқлим ва стратегияҳои мутобиқшавӣ дар Осиёи Марказӣ конференсияи байналмилалӣ доир мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд кумита, Академияи миллии илмҳо, Агентии назорати давлатии энергетикӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
5 феврал дар якчанд кумита, Академияи миллии илмҳо, Агентии назорати давлатии энергетикӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст
СОЛИ 2026 — СОЛИ АМАЛҲОИ НЕК, ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДА ВА ДАСТОВАРДҲОИ НАЗАРРАС. Онро метавон марҳилаи нави ободонӣ ва худшиносии миллӣ номид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
4 феврал дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад