СӮХТОР ДАР САФОРАТХОНАИ ИМА

Декабрь 27, 2008 12:42

            Душанбе, 27 декабр. (АМИТ «Ховар», Темур Бандишоев, Наргис Бойахмедова).- Дирӯз дар бинои сафоратхонаи Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар Душанбе сӯхтор ба амал омад. Сӯхтор, ба қавли шоҳидон, аз ошёнаи якуми бино сар шуд. Аз Раёсати сӯхторхомӯшкунии вазорати корҳои дохилии ҷумҳурӣ ба АМИТ «Ховар»  хабар доданд, ки  баробари расидани хабари сӯхтор ба маҳалли воқеа якчанд мошини сӯхторхомӯшкунӣ фиристода шуд. Ба қавли  мутахассисони вазорат, сабаби сар задани сӯхтор расиши кӯтоҳи  симҳои барқ дар ошхонаи сафорат мебошад. Корманди сафоратхонаи ИМА Нигина Алиева зикр намуд, ки  сӯхтор дар ошхонаи биное сар задааст, ки  дар он посбонони сафоратхона зиндагӣ мекунанд. Қайд карда шуд, ки  ба туфайли  тадбирҳои  фаврии  сӯхторхомӯшкунандагон, бар асари сӯхтор касе осеб надид. 

Декабрь 27, 2008 12:42

Хабарҳои дигари ин бахш

6 феврал дар якчанд вазорату идораҳо нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Оид ба тағйирёбии иқлим ва стратегияҳои мутобиқшавӣ дар Осиёи Марказӣ конференсияи байналмилалӣ доир мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд кумита, Академияи миллии илмҳо, Агентии назорати давлатии энергетикӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
5 феврал дар якчанд кумита, Академияи миллии илмҳо, Агентии назорати давлатии энергетикӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст
СОЛИ 2026 — СОЛИ АМАЛҲОИ НЕК, ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДА ВА ДАСТОВАРДҲОИ НАЗАРРАС. Онро метавон марҳилаи нави ободонӣ ва худшиносии миллӣ номид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
4 феврал дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад