С. МАҶИДОВ: «БОБОҶОН ҒАФУРОВ ШӮҲРАТИ ҶАҲОНӢ ДОРАД

Декабрь 26, 2008 15:58

            Душанбе, 26 декабр. (АМИТ «Ховар», Людмила Дубинина).- Директори пажӯҳишгоҳи таъриху мардумшиносии ба номи Ҷ.Валихонови  кумитаи илмии  вазорати маориф ва илми  Қазоқистон, профессор Саттор Маҷидов дар конфронси илмии  байналхалқии бахшида ба 100- солагии рӯзи таваллуди Б.Ғафуров изҳор намуд, ки «Бобоҷон Ғафуров таърихи зиндаи тоҷиконро дастраси оламиён гардонд ва барои пешрафти соҳаҳои илм ва  таҳсилоти олӣ корҳои зиёдеро ба сомон расонд. Саҳми ӯ дар пешрафти илми  шарқшиносии шӯравӣ хеле бузург аст».Саттор Маҷидов афзуд, ки  академик Б.Ғафуров тамоми нақшаҳои  барқарор сохтани Ҷодаи бузурги абрешимро омӯхта, барои амалӣ сохтани онҳо нақши намоён гузошт. Қайд карда шуд, ки  Бобоҷон Ғафуров одамонро на аз рӯи тарҷумаи ҳолашон, балки бо назардошти  маҳорат ва фаъолияти илмӣ ба кор ҷалб мекард. Бинобар ин дар Пажӯҳишгоҳи шарқшиносӣ намояндагони миллатҳои гуногун кор мекарданд. Кормандони пажӯҳишгоҳ танҳо баъди гузаштан аз озмун ба кор қабул карда мешуданд.С.Маҷидов дар бораи  сифатҳои инсонии Б.Ғафуров сухан ронда, зикр кард, ки  ӯ дар бобати муносибату мубошират бо одамон таҷрибаи калон дошт. Вай барои ҷавонон мураббии хирадманд  ва барои   калонсолон маслиҳатчии бебаҳо буд. Ӯ дар хотири мо  ҳамчун арбоби барҷастаи илм, намояндаи арзандаи халқи худ, олими машҳур ва инсони хоксор нақш бастааст, гуфт дар хотима олими қазоқ.

Декабрь 26, 2008 15:58

Хабарҳои дигари ин бахш

6 феврал дар якчанд вазорату идораҳо нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Оид ба тағйирёбии иқлим ва стратегияҳои мутобиқшавӣ дар Осиёи Марказӣ конференсияи байналмилалӣ доир мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд кумита, Академияи миллии илмҳо, Агентии назорати давлатии энергетикӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
5 феврал дар якчанд кумита, Академияи миллии илмҳо, Агентии назорати давлатии энергетикӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст
СОЛИ 2026 — СОЛИ АМАЛҲОИ НЕК, ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДА ВА ДАСТОВАРДҲОИ НАЗАРРАС. Онро метавон марҳилаи нави ободонӣ ва худшиносии миллӣ номид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
4 феврал дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад