САФАРИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БА УКРАИНА

Декабрь 3, 2008 11:29

          Душанбе, 3  декабр. (АМИТ «Ховар»,  Наргис  Бояхмедова). – Президенти Ҷумҳурии  Тоҷикистон  Эмомалӣ  Раҳмон  субҳи  имрӯз  барои   боздиди  давлатӣ  ба  Украина  рафт. Дар  ҷараёни  гуфтушунидҳои  сарони давлатҳои Тоҷикистону  Украина  масъалаҳои  марбут  ба   равнақу  ривоҷи  муносибатҳои  дуҷониба  муҳокима  карда  мешаванд.  Тавре  аз  Вазорати  корҳои  хориҷии  ҷумҳурӣ  ба  АМИТ «Ховар»  хабар  доданд,  дар  фарҷоми гуфтушуниди  Президентҳои Украина ва Тоҷикистон имзои 8 ҳуҷҷати  байнидавлатӣ,  аз  ҷумла, Изҳороти  муштараки  сарони  ҳар  ду  давлат,  Созишномаи  ҳамкорӣ  дар  соҳаҳои  фарҳангу  ҳунар,  туризм ва  сиёсати  ҷавонон,  созишномаи ҳамкории Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ва  Донишгоҳи  миллии  Киев, Созишномаи  ҳамкорӣ  дар  соҳаҳои тарбияи  ҷисмонӣ ва  варзиш,   комплекси  кишоварзию  саноатӣ,  инчунин   нақшаи  тадбирҳои  ҳамкории  иқтисодии  Украина  ва  Тоҷикистон  то соли  2012   имзо карда  мешаванд.  Қайд  кардан  лозим  аст, ки  муносибатҳои  Тоҷикистону  Украина  муттасил густариш  меёбанд. Ҳар  ду  мамлакат   муносибатҳои  дипломатии  худро  24  апрели соли  1992  оғоз  карда  буданд. Тоҷикистон  дар  давоми  солҳои  истиқлолияташ  барои  ба  роҳ  мондани  муносибатҳо  ва  ҳамкории   доманадору  мутақобилан  муфид бо  Украина   тадбирҳо  меандешад. То  имрӯз  дар  байни  ҳар  ду  мамлакат  зиёда аз  58  ҳуҷҷати  байнидавлатӣ, байниҳукуматӣ ва  байниидорӣ  имзо  шудааст, ки  ҳадафи  онҳо  бештар   густариш додани  ҳамкорӣ  мебошад. Дар  байни  ин  ҳуҷҷатҳо  Аҳдномаи   дӯстӣ  ва  ҳамкории  Ҷумҳурии  Тоҷикистон ва  Украина аз 6  июли соли 2001  мақоми  асосӣ  дорад.  Ҳамкории  Тоҷикистону  Украина  дар  доираи   созмонҳои  байналхалқию  минтақавӣ  бомуваффақият   густариш  меёбад. Президенти  Украина  Виктор  Ющенко  аз  5  то  7 марти соли 2008  барои  боздиди  расмии  давлатӣ  бори  аввал  ба  Тоҷикистон  ташриф  оварда буд. Ин сафар  муносибатҳои  ҳар  ду  кишварро   бештар  густариш  дод. Ба  кавли  коршиносон,  сафари  роҳбари  давлати  Украина  ба  Тоҷикистон  дар  таърихи  16 – солаи  муносибатҳои  Тоҷикистону  Украина  саҳифаи  нав  кушод. Дар  фарҷоми  ин  сафар  маҷмӯи  ҳуҷҷатҳои   ҳамкорӣ,  аз  чумла, Нақшаи  тадбирҳои  Украинаю  Тоҷикистон  дар  давоми  солҳои  2008 – 2009 имзо  шуданд.  Ҳуҷҷати  мазкур  силсилаи  тадбирҳоро  барои  зиёд  кардани  ҳаҷми  хариду  фурӯши мол  ва  ҳамкориро  дар  соҳаҳои  энергетикаю  сохтмон,  иштироки  корхонаҳои  Украинаро   дар  иҷрои  барномаҳои  гидроэнергетикаи  Тоҷикистон ва  фиристодани  таҷҳизоти  сохти  Украина  пешбинӣ  мекунад. Президенти  Украина  зикр  карда  буд, ки  дар  давоми  соли  2008  ҳаҷми  хариду  фурӯши мол  дар  байни  Украинаю  Тоҷикистон  2,5 – 3  баробар  зиёд  карда  мешавад. Мавзӯи  асосии  муносибатҳои Украинаю Тоҷикистонро  ҳамкории  иқтисодӣ  ташкил  медиҳад. Дар  ҷараёни  гуфтушуниди  Президентҳои   Украина ва  Тоҷикистон ба  рушди  ҳамкорӣ дар  соҳаи  гидроэнергетика  диққати  калон  дода шуд.  В.Ющенко  зикр  кард, ки  82 фоизи  асбобу  анҷом  ва  таҷҳизоти  нерӯгоҳҳои  барқи  обии  Тоҷикистон  аз  Украина  фиристода шудаанд. Президенти   Украина  изҳор  намуд, ки   мамлакаташ ба  иштирок   дар  такмилу  тармим, таҷдид  ва  пешрафти соҳаи  энергетикаи  Тоҷикистон  мароқи  калон  зоҳир  мекунад.  Барномаи  рушди  соҳаи  энергетикаи  Тоҷикистон анҷом  додани  сохтмони  силсилаи  нерӯгоҳҳои  барқи  обӣ  ва  ба  истифода  додани  силсилаи   нерӯгоҳҳои  хурду  миёнаи  барқи  обиро  пешбинӣ менамояд. Украина   айни  ҳол барои тармиму   таҷдиди НБО Норак  се  турбина  месозад, ки  яке аз  онҳо  аллакай ба  Тоҷикистон  оварда шуд.  Турбинаҳои  дигар  мувофиқи  ҷадвали  пешбинишуда  то  фасли  тобистони  соли  2009  оварда  мешаванд. Ин  имкон  медиҳад, ки  ҳаҷми  истеҳсоли  қувваи  барқ  дар  НБО   Норак  зиёд  карда  шавад. В. Ющенко   зикр  намуд, ки  мамлакаташ  бо  Тоҷикистон  дар  бобати  рушди  саноати  истихроҷи  ангишт  ва  тармиму  сохтмони  марказҳои  барқу  гармидиҳанда  низ   ҳамкорӣ  хоҳад  кард. Ҷониби  Украина  изҳор  намуд, ки   пешниҳоди  Тоҷикистонро   дар  бобати  сохтани ҳазор  вагони  роҳи  оҳан   дар  давоми  16 – 18 моҳ  иҷро  хоҳад  кард.  Украина  ҳамчунин  тибқи  паймони  бадастомада  ба  Тоҷикистон  аз  рӯи  нархҳои  имтиёзнок ҳар  сол  150  ҳазор  тонна равғани наботӣ ва  ҳамин  қадар   шакар  мефурӯшад.  Дар  ҳар  ду  мамлакат   кушода  шудани намояндагиҳои  дипломатӣ   ба  рушди  муносибатҳои Тоҷикистону  Украина  мусоидат  менамояд. Инчунин  дар  назди  сафоратхонаҳои  Тоҷикистону   Украина   марказҳои  фарҳангӣ  фаъолият  доранд.  Тоҷикистону  Украина  дар  соҳаҳои  истихроҷи  қувваи  барқ,  кишоварзӣ  ва  ҳарбию  техникӣ  бомуваффақият  ҳамкорӣ  мекунанд. Э.Раҳмон  ва В.Ющенко  зимни   гуфтушунид  ба  равнақу  ривоҷи   ҳамкории  гуманитарӣ,  аз ҷумла,  дар  соҳаи  маориф  диққати   махсус  доданд. Ҷониби  Украина  ваъда  дод, ки   соли  оянда  30  нафар  ҷавонони  тоҷикро  ба  мактабҳои  олии   мамлакат  қабул  намояд.

Декабрь 3, 2008 11:29

Хабарҳои дигари ин бахш

«АНДАЛЕБ-2025». Ҳунармандони Ҳисор дар даври минтақавии фестивал-озмун соҳиби холи баланд гардиданд
Бо донишҷӯёни ғолиби Стипендияи байналмилалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дурахшандагон» вохӯрӣ доир гардид
Сокинони ноҳияи Рашт туҳфаи Пешвои миллат — «Шоҳнома»-и безаволро дастрас намуданд
Толорҳои алоқа дар Тоҷикистон бештар мегарданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Дар Панҷакент оид ба омодагии ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ машварат баргузор шуд
ОМОДАГӢ БА СОЛИ НАВИ ТАҲСИЛ. Дар Истаравшан намоиш-фурӯши либосҳои мактабӣ ташкил гардид
Муовини Президенти Шурои ҷаҳонии ҳунарҳои мардумӣ дар минтақаи Осиё-Уқёнуси Ором бо тамаддуни тоҷикон шинос шуд
Бахшида ба 32-солагии Қувваҳои ҳарбӣ-ҳавоӣ ва мудофиаи зиддиҳавоӣ ҳамоиш доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 37 дараҷа гарм мешавад
Омодагӣ ба соли нави хониш дар ҷаласаи Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ баррасӣ шуд
Масъалаи ташкили ковишҳои бостоншиносӣ дар мавзеи «Дараи Алмосӣ» баррасӣ гардид