САРМОЯГУЗОРОНИ ХОРИҶӢ БАРОИ СОХТМОНИ БОҚИМОНДАИ РОҲ РОЗИГӢ ДОДАНД
Душанбе, 12 декабр. (АМИТ «Ховар», Мавзуна Бойева).- Баҳри татбиқи Лоиҳаи сохтмони роҳи мошингарди Кӯлоб-Қалъаихумб корҳои аксбардорӣ-топографӣ аз моҳи декабри соли 2007 оғоз гардида, то ба имрӯз корҳои ҷустуҷӯӣ ба анҷом расонида шуд. Дар натиҷа, ҳуҷҷати Асоснокии Техникии Иқтисодии лоиҳа аз тарафи машваратчиён тайёр карда шуд ва барои тасдиқ намудан ба Фонди Қувейтии Рушди Иқтисодии Араб пешниҳод гардид. Маблағи лоиҳа 521,1 ҳазор доллари ИМА-ро ташкил медиҳад. Дар ин самт 19 нафар мутахассиси муҳандисию техникӣ кор карда истодаанд. Аз он ҷумла, 16 нафар мутахассиси маҳаллӣ ва 3 нафар мутахассиси хориҷӣ. Бояд зикр намуд, ки соли 2006 намояндагони Бонки Исломии Рушд, Фонди Опек, Фонди Қувейтии Рушди Иқтисодии Араб, Фонди Рушди Саудӣ, ки ба Тоҷикистон омада буданд, дар рафти рўзномаи кориашон аз роҳи мошингарди Кўлоб — Қалъаихумб дидан карданд ва барои ҳамкорӣ дар сохтмони боқимондаи роҳу пулҳо розигии худро доданд. Баъди ба анҷом расонидани корҳои таҳияи Асосмандии Техникии Иқтисодӣ (ТЭО) ва банақшагирии пурраи муҳандисии Лоиҳаи «Роҳи мошингарди Кӯлоб-Қалъаихумб», маблағгузории лоиҳа аз тарафи сармоягузорони номбаршуда дар назар аст.








9 феврал дар якчанд идораю корхона нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Оид ба тағйирёбии иқлим ва стратегияҳои мутобиқшавӣ дар Осиёи Марказӣ конференсияи байналмилалӣ доир мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст
СОЛИ 2026 — СОЛИ АМАЛҲОИ НЕК, ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДА ВА ДАСТОВАРДҲОИ НАЗАРРАС. Онро метавон марҳилаи нави ободонӣ ва худшиносии миллӣ номид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд






