«САРОЙКАМАР» ВА ЦСКА «ПОМИР» АЗ ИШТИРОК ДАР ҚУВВАОЗМОӢ МАҲРУМ ШУДАНД
Душанбе, 3 декабр. (АМИТ «Ховар», Пайрав Назаров). – Дастаи футболи «Регар – Тадаз», ки дар ҷадвали мусобиқоти қаҳрамонии дастаҳои футболи лигаи олии ҷумҳурӣ дар сафи пеш қарор дорад, қувваозмоии навбатиро бо дастаи «Парвоз» бо ҳисоби 1:2 бохт. Бо вуҷуди ин, дастаи «Регар – Тадаз» мақоми пешсафиро аз даст надода, барои ба даст овардани унвони қаҳрамонӣ мубориза мебарад. Аз Федератсияи футболи Тоҷикистон ба Амит «Ховар» хабар доданд, ки мувофиқи қарори Кумитаи иҷроияи федератсия дастаҳои «Саройкамар» ва ЦСКА «Помир» аз ҳуқуқи иштирок дар қувваозмоиҳои минбаъда маҳрум карда шуданд. Онҳо акнун дар бозиҳои оянда иштирок намекунанд ва нисбати онҳо бо ҳисоби 0:3 бохти техникӣ ҳисоб карда мешавад. Мухбири АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, ки дастаи футболи «Истиқлол» — и шаҳри Душанбе ва дастаҳои футболи «Сомонком» ва «Спитамен» — вилояти Суғд дастаҳои беҳтарини лигаи якум буда, ҳуқуқ пайдо карданд, ки соли оянда дар қувваозмоиҳои лигаи олии мамлакат ширкат варзанд. Дар лигаи якуми футболи мамлакат дастаи «Истиқлол» имсол қаҳрамони мамлакат гардид.