САВОБИ АМАЛИ ХАЙР

Декабрь 11, 2008 16:25

           Кӯлоб, 11 декабр. (АМИТ «Ховар», С.Холов).- Бино ба иттилои мудири бахши танзими анъана ва расму оинҳои мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб Қадам Зарифов, 120 адад китоби муқаддаси Қуръон вориди ин минтақа гардидааст, ки ройгон паҳн карда хоҳанд шуд.          — Аллакай 38 адади китобҳо ба ҳафт масҷиди ҷомеъ ва масоҷиди панҷвақтаи минтақаи Кӯлоб тақдим карда шуд. Ҳамчунин, китобхонаҳои шаҳр ва муассисаҳои фарҳангу маънавиётро низ бо Каломи Шариф таъмин кардем. Ин китобҳо сирф моли умуманд ва дар масоҷиду китобхонаҳо ба доираи васеи хонандагон пешкаш карда мешаванд. Бояд гуфт, ки Қуръони муқаддас ба забони тоҷикӣ тарҷума карда шудааст  ва аз номи Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон эҳдо мегардад,- зикр намуд Қадам Зарифов. Уламои дин бошанд, мегӯянд, ки дастрасӣ доштани мардум ба Қуръони муқаддас дар ҳалли бузургтарин мушкилоти дунявии бандагон мусоидат карда, савоби ин амал ба шахсияти Президент хоҳад расид. — Тақсим кардани китобҳо ба масоҷиду идороти дигари Кӯлоб идома дорад ва интизор меравад, ки то охири моҳи декабр боз тедоди зиёди Қуръон дастрас намоем,- илова намуд Қадам Зарифов.

Декабрь 11, 2008 16:25

Хабарҳои дигари ин бахш

6 феврал дар якчанд вазорату идораҳо нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Оид ба тағйирёбии иқлим ва стратегияҳои мутобиқшавӣ дар Осиёи Марказӣ конференсияи байналмилалӣ доир мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд кумита, Академияи миллии илмҳо, Агентии назорати давлатии энергетикӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
5 феврал дар якчанд кумита, Академияи миллии илмҳо, Агентии назорати давлатии энергетикӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст
СОЛИ 2026 — СОЛИ АМАЛҲОИ НЕК, ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДА ВА ДАСТОВАРДҲОИ НАЗАРРАС. Онро метавон марҳилаи нави ободонӣ ва худшиносии миллӣ номид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
4 феврал дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад