СЕМИНАР БАРОИ КОРМАНДОНИ СОҲАИ МАОРИФ

Декабрь 5, 2008 11:05

Қӯрғонтеппа, 5 декабр. (АМИТ «Ховар», Мурод Сотиев).- Дар ноҳияи Данғара барои кормандони шӯъбаҳои маорифи шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон семинар баргузор гардид. Муовини сардори раёсати маорифи вилоят Нуралӣ Азизов ба АМИТ «Ховар»  хабар дод, ки ба иштирокчиёни семинар дар масъалаҳои роҳбарӣ  ба соҳа дастуру маслиҳатҳои нав дода шуд. Дар семинар мудирони шӯъбаҳои маорифи шаҳру ноҳияҳои вилоят ва роҳбарони кабинетҳои методии  мактабҳо ширкат варзиданд. Чунин семинарҳо барои роҳбарони шӯъбаҳои маориф ва омӯзгорони вилоят мунтазам гузаронида мешаванд. Ин  ба  иваз кардани таҷриба ва омӯзиши усулҳои самарабахши кори  омӯзгорони пешқадам кӯмак мерасонад.

Декабрь 5, 2008 11:05

Хабарҳои дигари ин бахш

9 феврал дар якчанд идораю корхона нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
6 феврал дар якчанд вазорату идораҳо нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Оид ба тағйирёбии иқлим ва стратегияҳои мутобиқшавӣ дар Осиёи Марказӣ конференсияи байналмилалӣ доир мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд кумита, Академияи миллии илмҳо, Агентии назорати давлатии энергетикӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
5 феврал дар якчанд кумита, Академияи миллии илмҳо, Агентии назорати давлатии энергетикӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст
СОЛИ 2026 — СОЛИ АМАЛҲОИ НЕК, ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДА ВА ДАСТОВАРДҲОИ НАЗАРРАС. Онро метавон марҳилаи нави ободонӣ ва худшиносии миллӣ номид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд