СЕМИНАР — МАШВАРАТИ СОҲИБКОРОН ДАР СУҒД

Декабрь 25, 2008 08:54

               Душанбе, 25 декабр. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Бо  ташаббуси Кумитаи андози назди Ҳукумати ҷумҳурӣ дар шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд бо иштироки соҳибкорони хурду миёна, тоҷирон ва роҳбарони ширкату корхонаҳои андозсупори ҷумҳурӣ семинар — машварат доир гардид.             Дар семинар — машварат муовини раиси Кумитаи андози назди Ҳукумати ҷумҳурӣ Бахтиёр Султонов иштирок намуд. Аз рӯи баромади ӯ «Оид ба ҳадафҳои андоз ва таъмини саривақтии буҷа аз маблағи пардохти андозсупорандагон» бо соҳибкорон ва роҳбарони ширкату корхонаҳо мубодилаи афкор сурат гирифт.            Ба ақидаи Бахтиёр Султонов, дар сурати пардохти саривақтии андоз аз ҷониби андозсупорандагони ҳуқуқӣ ва инфиродӣ касри буҷа таъмин хоҳад шуд.  Дар семинар — машварат ба ҳамаи андозсупорандагони вилоят дастур дода шуд, ки дар соли 2009 бо истифода аз ҳама роҳҳои қонунӣ қарзҳоро супоранд.

Декабрь 25, 2008 08:54

Хабарҳои дигари ин бахш

9 феврал дар якчанд идораю корхона нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
6 феврал дар якчанд вазорату идораҳо нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Оид ба тағйирёбии иқлим ва стратегияҳои мутобиқшавӣ дар Осиёи Марказӣ конференсияи байналмилалӣ доир мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд кумита, Академияи миллии илмҳо, Агентии назорати давлатии энергетикӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
5 феврал дар якчанд кумита, Академияи миллии илмҳо, Агентии назорати давлатии энергетикӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст
СОЛИ 2026 — СОЛИ АМАЛҲОИ НЕК, ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДА ВА ДАСТОВАРДҲОИ НАЗАРРАС. Онро метавон марҳилаи нави ободонӣ ва худшиносии миллӣ номид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд