ШАРОИТ ДОРЕМ, ВАЛЕ САБЗАВОТРО АЗ ХОРИҶИ КИШВАР ВОРИД МЕСОЗЕМ

Декабрь 17, 2008 14:21

                   Душанбе, 17 декабр. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Дар Вазорати кишоварзӣ ба мухбири АМИТ «Ховар» иброз доштанд, ки соли ҷорӣ майдони кишти сабзавот дар гармхонаҳо нисбат ба соли 2007 зиёд карда шудааст.                  Дар ҷумҳурӣ то 15-уми декабри соли 2008 дар майдони 37 гектар ва ё баробари 56 фоизи дурнамо кишти сабзавот (помидор ва бодиринг) гузаронида шудааст.                  Соли ҷорӣ истифодаи гармхонаҳо барои кишти сабзавот дар вилояти Суғд беҳтар гардид. Деҳқонони хоҷагидор бо вуҷуди кам будани масоҳати замини гармхонаҳояшон, даромади хуб ба даст меоранд ва аз ҳисоби даромадашон сол аз сол масоҳати гармхонаҳоро зиёд мекунанд. Имсол дар вилояти Суғд масоҳати гармхонаҳо ба 17,34 гектар расонида шудааст.                  Дар вилояти Хатлон масоҳати умумии гармхонаҳо 12,85 гектарро ташкил медиҳад. Ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, ки шароити беҳтари ташкил намудани гармхонаҳоро доранд, аз ин омили даромаднок камтар истифода мебаранд. Дар ин минтақаи ҷумҳурӣ ҳамагӣ дар масоҳати 4,5 гектар гармхона мавҷуд аст, ки он барои қонеъ намудани талаботи аҳолии ноҳияҳои тобеи марказ, бахусус пойтахт басанда нест. Аз ин рӯ, ҳамасола дар арафаи  Соли нав тоҷирон сабзавоти тару тозаро ба бозорҳои шаҳри Душанбе аз хориҷи кишвар бо нархи даҳчанд ворид месозанд, ки ин ба манфиати мардум нест.

Декабрь 17, 2008 14:21

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
6 феврал дар якчанд вазорату идораҳо нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Оид ба тағйирёбии иқлим ва стратегияҳои мутобиқшавӣ дар Осиёи Марказӣ конференсияи байналмилалӣ доир мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд кумита, Академияи миллии илмҳо, Агентии назорати давлатии энергетикӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
5 феврал дар якчанд кумита, Академияи миллии илмҳо, Агентии назорати давлатии энергетикӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст
СОЛИ 2026 — СОЛИ АМАЛҲОИ НЕК, ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДА ВА ДАСТОВАРДҲОИ НАЗАРРАС. Онро метавон марҳилаи нави ободонӣ ва худшиносии миллӣ номид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
4 феврал дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд