ШИРИ ХОҶАГИҲОИ АҲОЛӢ КУҶО МЕШАВАД?

Декабрь 27, 2008 12:28

           Душанбе, 27 декабр. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Бино ба маълумоти Кумитаи давлатии омор, ҳаҷми истеҳсоли шир дар моҳи январ-ноябри соли 2008 ба 468 ҳазору 325 тонна расонида шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2007 6,9 фоиз зиёд аст. Соли ҷорӣ истеҳсоли шир дар хоҷагиҳои ВМКБ ба 12,9 фоиз, вилояти  Хатлон — 12,6 фоиз, вилояти Суғд — 2,8 фоиз, ноҳияи Шаҳринав -16,6%, Нуробод- 9,3 %, Турсунзода-4,8% ва ноҳияи Тоҷикобод- 3 % афзудааст. Шири истеҳсолшуда асосан ба хоҷагиҳои аҳолӣ тааллуқ дорад, ки ҳаҷми умумияш 434 ҳазор тонна аст. Вале нарасидани он ба аҳолии шаҳр ҳоло ҳам эҳсос мешавад. Шири аз хоҷагиҳо ба бозор баровардашуда бо нархи 3 сомонӣ ва аз Корхонаи коркарди шири шаҳри Душанбе бо нархи 7-7,5 сомонӣ ба фурӯш бароварда мешавад.

Декабрь 27, 2008 12:28

Хабарҳои дигари ин бахш

9 феврал дар якчанд идораю корхона нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
6 феврал дар якчанд вазорату идораҳо нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Оид ба тағйирёбии иқлим ва стратегияҳои мутобиқшавӣ дар Осиёи Марказӣ конференсияи байналмилалӣ доир мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд кумита, Академияи миллии илмҳо, Агентии назорати давлатии энергетикӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
5 феврал дар якчанд кумита, Академияи миллии илмҳо, Агентии назорати давлатии энергетикӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст
СОЛИ 2026 — СОЛИ АМАЛҲОИ НЕК, ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДА ВА ДАСТОВАРДҲОИ НАЗАРРАС. Онро метавон марҳилаи нави ободонӣ ва худшиносии миллӣ номид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд