ШИРКАТҲОИ ҲИНДУСТОН ДАР ТОҶИКИСТОН ХАТИ ИНТИҚОЛИ БАРҚ МЕСОЗАНД

Декабрь 26, 2008 14:51

         Душанбе,  26  декабр. (АМИТ «Ховар»,  Наргис  Бояхмедова). – Ширкатҳои  «КЕС  интернейшнал»  ва «РПГ  Трансмишион» — и   Ҳиндустон   дар   озмуни   сохтмони  хатҳои  интиқоли  барқи  Тоҷикистон  аз   нерӯгоҳи  сохташудаистодаи  барқии «Сангтӯда – 1» то сарҳади  Афғонистон  ғолиб  омаданд. Озмуни  мазкурро  Маркази идораи барномаҳои энергетикӣ  ҳамроҳи  Бонки  рушди  Осиё  гузаронд.  Тибқи  барнома,  ширкатҳои  ҳиндӣ  аз  маҳалли  нерӯгоҳ то  маркази   шаҳри Пули  Хумрии Афғонистон  ба  масофаи   118  километр   хати  интиқоли  барқ  месозанд.          Барои  сохтмони он  19  миллион  доллари  ИМА ҷудо  карда  мешавад. Бояд  гуфт, ки  Тоҷикистон  ба  ин   хати  интиқоли  барқ   зарурати  калон  дорад.  Зеро  баъди   ба  истифода  додани  нерӯгоҳҳои  барқи  обии  «Сангтӯда – 1» ва  «Сангтӯда – 2»  ҳаҷми  истеҳсоли  қувваи  барқ  меафзояд ва  дар  фасли  тобистон  қувваи барқи  зиёдатиро  ба  мамлакатҳои  Осиёи  Ҷанубӣ   фурӯхтан имконпазир  мегардад. Сохтмони   хати интиқоли  барқ  охири   моҳи  январи соли оянда  оғоз  меёбад.

Декабрь 26, 2008 14:51

Хабарҳои дигари ин бахш

9 феврал дар якчанд идораю корхона нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
6 феврал дар якчанд вазорату идораҳо нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Оид ба тағйирёбии иқлим ва стратегияҳои мутобиқшавӣ дар Осиёи Марказӣ конференсияи байналмилалӣ доир мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд кумита, Академияи миллии илмҳо, Агентии назорати давлатии энергетикӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
5 феврал дар якчанд кумита, Академияи миллии илмҳо, Агентии назорати давлатии энергетикӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст
СОЛИ 2026 — СОЛИ АМАЛҲОИ НЕК, ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДА ВА ДАСТОВАРДҲОИ НАЗАРРАС. Онро метавон марҳилаи нави ободонӣ ва худшиносии миллӣ номид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд