ШОҲРОҲИ ДУШАНБЕ — ХУҶАНД МУВАҚҚАТАН БАСТА ШУД
Душанбе, 17 декабр. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — Бар асари зиёд боридани барф тайи ду рӯзи охир рафтуомади автомобилҳо дар шоҳроҳи Душанбе — Хуҷанд тариқи ағбаи Шаҳристон муваққатан манъ карда шуд. Ронандаи автомашинаи мусофиркаш Солеҳи Низом дар сӯҳбат бо мухбири АМИТ «Ховар» гуфт, ки ду шабонарӯзи охир дар ағбаи Шаҳристон ва дар қисмати ҷанубии нақби «Истиқлол», ки дар наздикии ин шоҳроҳ воқеанд, ғайричашмдошт барфи зиёд борид ва сабаби қатъ шудани ҳаракати мошинҳою мусофирон аз ҳарду ҷониб гардид. Ӯ афзуд, ки ронандаҳои мошинҳояшон бандшуда аз 16-уми декабр инҷониб мунтазири кушодашавии роҳанд. Бино ба иттилои Вазорати нақлиёт ва коммуникатсия, то ҳол маълум нест, ки ин роҳ кай кушода мешавад. Ҳоло дар ҳарду ағба техникаи зарурӣ кор карда истодааст ва роҳҳо аз барф тоза карда мешаванд.








6 феврал дар якчанд вазорату идораҳо нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Оид ба тағйирёбии иқлим ва стратегияҳои мутобиқшавӣ дар Осиёи Марказӣ конференсияи байналмилалӣ доир мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст
СОЛИ 2026 — СОЛИ АМАЛҲОИ НЕК, ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДА ВА ДАСТОВАРДҲОИ НАЗАРРАС. Онро метавон марҳилаи нави ободонӣ ва худшиносии миллӣ номид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд






