ШУМОРАИ ДОНИШҶӮЁНИ ТОҶИК ДАР МАКТАБҲОИ ОЛИИ ЧИН МЕАФЗОЯД

Декабрь 10, 2008 11:42

Душанбе, 10 декабр. АМИТ «Ховар», Наргис Бойахмедова).- Сафири кабири  Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Мардумии Чин Рашид Олимов бо  роҳбарони мактабҳои олии  Пекин мулоқот кард, ки дар онҳо донишҷӯёни тоҷик таҳсил мекунанд. Р. Олимов зикр намуд, ки ҳамкорӣ дар соҳаи маориф ҷузъи таркибии   муносибатҳои сол то сол вусъатёфтаистодаи Тоҷикистону Чин мебошад. Қайд карда шуд, ки айни ҳол дар мактабҳои олии Чин бештар аз 60 нафар донишҷӯи тоҷик таҳсил мекунад. Мувофиқи паймони бадастомада, шумораи онҳо  соли 2009 ду баробар зиёд хоҳад шуд. Донишҷӯёни тоҷик солҳои гузашта танҳо бо мақсади омӯзиши забон ба мактабҳои олии Чин дохил мешуданд, акнун онҳо  бо мақсади ба даст овардани ихтисос  дар мактабҳои олии Чин таҳсил мекунанд, гуфт сафир. Иштирокчиёни мулоқот ба саволҳои худ ҷавобҳои мушаххасу қаноатбахш гирифта, марбут ба  вусъат бахшидани ҳамкорӣ дар соҳаи маориф ва тарбияи  кадрҳо барои соҳаҳои гуногуни   иқтисодиёти Тоҷикистон дар мактабҳои олии Чин, ба роҳ мондани ҳамкории мустақими мактабҳои олии ҳар ду мамлакат ва  тавсиаи равобити илмӣ пешниҳодҳо ба миён гузоштанд.

Декабрь 10, 2008 11:42

Хабарҳои дигари ин бахш

9 феврал дар якчанд идораю корхона нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
6 феврал дар якчанд вазорату идораҳо нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Оид ба тағйирёбии иқлим ва стратегияҳои мутобиқшавӣ дар Осиёи Марказӣ конференсияи байналмилалӣ доир мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд кумита, Академияи миллии илмҳо, Агентии назорати давлатии энергетикӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
5 феврал дар якчанд кумита, Академияи миллии илмҳо, Агентии назорати давлатии энергетикӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст
СОЛИ 2026 — СОЛИ АМАЛҲОИ НЕК, ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДА ВА ДАСТОВАРДҲОИ НАЗАРРАС. Онро метавон марҳилаи нави ободонӣ ва худшиносии миллӣ номид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд