ШВЕЙТСАРИЯ БА МИНТАҚАИ ШЕНГЕН ВОРИД ГАРДИД
Берн, 12 декабр.(АМИТ «Ховар» — Евронюс). – Швейтсария аз имрӯз сар карда, ба узвияти минтақаи Шенген қабул карда шуд. Ин чунин маъно дорад, ки сокинони мамлакатҳои аъзои Иттиҳоди Аврупо ба воситаи сарҳадҳо ва қаламрави ин мамлакат бе ягон мамониат рафту омад карда метавонанд. Бояд гуфт, ки Швейтсария аъзои Иттиҳоди Аврупо набошад ҳам, дар чаҳорсӯи марказии мамлакатҳои Аврупо қарор дорад. Дар Швейтсария аз рӯзи ҷумъа сар карда, назорати роҳҳои рафту омади сарҳади он бо мамлакатҳои Иттиҳоди Аврупо қатъ карда мешавад. Дар баробари ин назорат ва тафтиши гумрук дар сарҳад пурзӯр карда хоҳад шуд. Мухбири АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, ки дар натиҷа масоҳати минтақаи Шенген бештар аз 3,5 миллион метри мураббаъро ташкил медиҳад ва барои 400 миллион шаҳрванди мамлакатҳои аъзои Иттиҳоди Аврупо кушода мебошад.








Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
9 феврал дар якчанд идораю корхона нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Оид ба тағйирёбии иқлим ва стратегияҳои мутобиқшавӣ дар Осиёи Марказӣ конференсияи байналмилалӣ доир мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст
СОЛИ 2026 — СОЛИ АМАЛҲОИ НЕК, ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДА ВА ДАСТОВАРДҲОИ НАЗАРРАС. Онро метавон марҳилаи нави ободонӣ ва худшиносии миллӣ номид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд






