СОКИНИ СУҒД МЕХОСТ БА ҶУМҲУРӢ МУШАК ИНТИҚОЛ ДИҲАД

Декабрь 18, 2008 11:46

                   Душанбе, 18 декабр. (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Давлатзода).- Кормандони раёсати минтақавии гумрук дар вилояти Суғд баҳри иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба манъи воридоти маҳсулоти пиротехникӣ ба қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон» тамоми чораҳо андешида истодаанд.                   Кормандони Раёсат дар нимаи аввали моҳи декабри соли ҷорӣ 7 ҳолати ғайриқонунии ворид намудани маҳсулоти пиротехникиро пешгирӣ намуданд.                   Аз маркази матбуоти Хадамоти гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мухбири АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ки 14-уми декабр ҳангоми гузаронидани муоинаи гумрукии молҳои автомашинаи тамғаи МАН (рақами давлатиаш S 4513 L), ки ба минтақаи назоратии дидбонгоҳи гумрукии «Терминал» аз шаҳри Бишкеки Ҷумҳурии Қирғизистон ворид гардида буд, аз дохили матоъҳо ба миқдори 35 ҳазору 600 дона маводи пиротехникӣ (хлопушка), 930 дона мушак (салют)-и ҳархела ва 332 дона фейрверкҳои гуногун дарёфт карда шуд. Молҳои мазкур ба истиқоматкунандаи кӯчаи Ҷомии ҷамоати Д. Холматови ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд Дилбар Исмоиловаи 39-сола тааллуқ дорад. Д. Исмоилова мехост бидуни назорати гумрукӣ ва бе расмиятдарорӣ ин борро ба қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикстон интиқол дода, ба фурӯш барорад.

Декабрь 18, 2008 11:46

Хабарҳои дигари ин бахш

9 феврал дар якчанд идораю корхона нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
6 феврал дар якчанд вазорату идораҳо нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Оид ба тағйирёбии иқлим ва стратегияҳои мутобиқшавӣ дар Осиёи Марказӣ конференсияи байналмилалӣ доир мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд кумита, Академияи миллии илмҳо, Агентии назорати давлатии энергетикӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
5 феврал дар якчанд кумита, Академияи миллии илмҳо, Агентии назорати давлатии энергетикӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст
СОЛИ 2026 — СОЛИ АМАЛҲОИ НЕК, ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДА ВА ДАСТОВАРДҲОИ НАЗАРРАС. Онро метавон марҳилаи нави ободонӣ ва худшиносии миллӣ номид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд