СОЗИШНОМА МУВОФИҚА КАРДА ШУД

Декабрь 11, 2008 13:53

              Душанбе, 11   декабр. (АМИТ «Ховар», Наргис  Бояхмедова). — Гурӯҳҳои  коршиносони мамлакатҳои  ИДМ  10  декабр  дар  шаҳри  Минск  лоиҳаи  созишномаро   дар  бораи  мубодилаи  маълумот  ва  дастраси  ҳамдигар  гардонидани он   дар  соҳаи мубориза ба  муқобили  ҷинояткорӣ  мувофиқа намуданд. Ба  ақидаи  мутахассисон,  бо   қабули  ин  ҳуҷҷат  самараи  фаъолияти  мақомоти  корҳои  дохилии  мамлакатҳои  ИДМ   дар  масъалаи  ҷустуҷӯ ва  фош  намудани  ҷинояткорон  чандин  баробар  меафзояд. Дар  созишнома  гуфта  мешавад, ки  мақомоти  салоҳиятдори  давлатҳои  ИДМ  бо мақсади  пешгирӣ,  фош  кардан  ва тафтиши  ҷиноятҳо  бо  дархости  мақомоти  салоҳиятдор  ба таври ройгон  маълумоти  зарурӣ  медиҳанд. Илова  бар  ин  маълумоти  илмию  техникӣ,  иттилоотию  таҳлилӣ ва  ҳуҷҷатҳои  меъёрии марбут  ба  мубориза ба  муқобили  ҷинояткорӣ  дастраси  мақомоти  дахлдори  мамлакатҳои  Иттиҳод  гардонда  хоҳад  шуд.

Декабрь 11, 2008 13:53

Хабарҳои дигари ин бахш

9 феврал дар якчанд идораю корхона нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
6 феврал дар якчанд вазорату идораҳо нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Оид ба тағйирёбии иқлим ва стратегияҳои мутобиқшавӣ дар Осиёи Марказӣ конференсияи байналмилалӣ доир мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд кумита, Академияи миллии илмҳо, Агентии назорати давлатии энергетикӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
5 феврал дар якчанд кумита, Академияи миллии илмҳо, Агентии назорати давлатии энергетикӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст
СОЛИ 2026 — СОЛИ АМАЛҲОИ НЕК, ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДА ВА ДАСТОВАРДҲОИ НАЗАРРАС. Онро метавон марҳилаи нави ободонӣ ва худшиносии миллӣ номид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд