СОЗМОНҲОИ ҶАМЪИЯТӢ ҲУҚУҚИ ЗАНОНРО ҲИМОЯ МЕКУНАНД

Декабрь 10, 2008 11:50

          Душанбе, 10 декабр. АМИТ «Ховар», Мавлуда Юнусова).- 20 нафар намояндаи созмонҳои гуногуни ҷамъиятии  шаҳрҳои Душанбе ва Қӯрғонтеппа мувофиқи барномаи Созмони ҷамъиятии  «Маркази маърифати  гендерӣ» роҳу усулҳои  ҳимояи ҳуқуқи  занонро  ба моликият зимни  мурофиаҳои судӣ  омӯхтанд. Роҳбари маркази мазкур София Қосимова зимни сӯҳбат бо мухбири АМИТ  «Ховар» дар бораи ҳадафу вазифаҳои барнома сухан ронда, изҳор намуд, ки мақсади асосии он  ҳимояи ҳуқуқи занон ба моликият бо роҳи  таъсиси хадамоти воҳиди  иттилоотию машваратӣ  дар мавриди баррасии  парвандаҳои марбут ба масъалаҳои  никоҳ ва оила  дар судҳо мебошад. Мувофиқи барнома, намояндагони созмонҳои ҷамъиятӣ бояд ба занон кӯмаки ройгони  иттилоотию ҳуқуқӣ расонанд. Чунин кӯмак дар  марказҳои   хуқуқи занони  шаҳрҳои Душанбею Қӯрғонтеппа ва ноҳияҳои Вахшу Бохтар, Ваҳдату Варзоб ва Рӯдакӣ расонда мешаванд. Кормандони созмонҳои ҷамъиятӣ ва ёрдамчиёни онҳо роҳу усулҳои  расондани кӯмаки ҳуқуқӣ ба занонро дар ҷараёни машғулиятҳо ва машқҳои таълимӣ омӯхтанд.

Декабрь 10, 2008 11:50

Хабарҳои дигари ин бахш

9 феврал дар якчанд идораю корхона нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
6 феврал дар якчанд вазорату идораҳо нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Оид ба тағйирёбии иқлим ва стратегияҳои мутобиқшавӣ дар Осиёи Марказӣ конференсияи байналмилалӣ доир мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд кумита, Академияи миллии илмҳо, Агентии назорати давлатии энергетикӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
5 феврал дар якчанд кумита, Академияи миллии илмҳо, Агентии назорати давлатии энергетикӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст
СОЛИ 2026 — СОЛИ АМАЛҲОИ НЕК, ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДА ВА ДАСТОВАРДҲОИ НАЗАРРАС. Онро метавон марҳилаи нави ободонӣ ва худшиносии миллӣ номид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд