Т. ШУКУРЗОДА: «ТАЪКИДИ ПРЕЗИДЕНТИ КИШВАР АМАЛӢ ХОҲАД ШУД!»

Декабрь 24, 2008 09:32

              Душанбе, 24 декабр. (АМИТ«Ховар», Лаззат Диловарзод).-Донишгоҳи давлатии Қӯрғонтеппа ба номи Носири Хусрав таърихи начандон тӯлонӣ дорад. Дар ин донишгоҳ дар муқоиса бо чанд соли пеш сафи олимон ва устодон дучанд зиёд гардид. Ҳоло дар донишгоҳ 18 нафар доктору профессор ва 67 нафар номзади илму дотсент ба таълиму тарбияи донишҷӯён фаро гирифта шудаанд. Донишгоҳ дорои шӯъбаи аспирантура буда, ба он ҳар сол 12 нафар унвонҷӯ қабул карда мешавад. Дар муддати 3 соли охир дар донишгоҳ 30 нафар омӯзгор рисолаҳои номзадию докторӣ ҳимоя кардаанд. — «Ҳадафи муҳими низоми маориф тарбияи шахсияти фаъол ва созанда аст»,- таъкид кардааст Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон, ки ин ҳадаф аз ҷониби устодони Донишгоҳи давлатии ба номи Носири Хусрав амалӣ хоҳад шуд,- иброз дошт доктори илми педагогӣ ва иҷтимоии Федератсияи Россия, ректори Донишгоҳи давлатии Қӯрғонтеппа Тағойбобо Шукурзода.     

Декабрь 24, 2008 09:32

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
29 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо оид ба ҷамъбасти соли 2025 нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Дар Русия аз дақиқаҳои аввал дар алоқа бимонед!
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар Кумитаи рушди маҳал, Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ, Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкорӣ, Саридораи геология ва Маркази миллии тестӣ нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад