ТАРКИШ ДАР ИРОҚ
Бағдод, 12 декабр. (АМИТ «Ховар» — Синхуа). – Тибқи хабарҳои аз Ироқ расида, дирӯз дар яке аз музофотҳои шаҳри Киркук як нафар террористи фидоӣ амалиёти террористӣ анҷом дод. Вай дар яке аз маҳалҳои серодами шаҳр миқдори зиёди моддаи таркандаро тарконд. Дар натиҷа 47 нафар ҳалок ва 93 нафар маҷрӯҳ шуд. Шаҳри Киркук тақрибан дар масофаи 250 километраи самти шимолии Бағдод воқеъ буда, дар маҳалҳои атрофи он захираи нафт фаровон аст. Курдҳои Ироқ даъво доранд, ки минтақаи мазкур бояд ба мухторияти курдҳо тааллуқ дошта бошад, вале арабҳо ва туркманҳои маҳаллӣ ин даъворо рад менамоянд. Бинобар ин дар байни онҳо муттасил ихтилофот рух медиҳад.








6 феврал дар якчанд вазорату идораҳо нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Оид ба тағйирёбии иқлим ва стратегияҳои мутобиқшавӣ дар Осиёи Марказӣ конференсияи байналмилалӣ доир мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст
СОЛИ 2026 — СОЛИ АМАЛҲОИ НЕК, ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДА ВА ДАСТОВАРДҲОИ НАЗАРРАС. Онро метавон марҳилаи нави ободонӣ ва худшиносии миллӣ номид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд






