ТОҶИКИСТОН ҲУҚУҚУ ОЗОДИҲОИ ИНСОНРО МУҚАДДАС МЕДОНАД

Декабрь 26, 2008 10:44

        Душанбе, 26 декабр. (АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).- Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун ҷузъи ҷудонашавандаи ҷомеаи башарӣ ҳуқуқу озодиҳои инсонро муқаддас шуморида, чун арзиши олӣ ба он арҷ мегузорад,- гуфт муовини раиси Маҷлиси намояндагон Шуҷоат Ҳасанова дар ҳамоише, ки таҳти унвони «Татбиқи стандартҳои байналмилалӣ ва миллӣ оид ба ҳуқуқи башар ва ҳимояи гурезагон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» баргузор шуд. Ин чорабинӣ бахшида ба 60-умин солгарди қабули Эъломияи умумии ҳуқуқи башар бо ибтикори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҷумҳурӣ, Раёсати Комиссариати Олии Созмони Милали Муттаҳид оид ба гурезагон ва Созмони ҷамъиятии «Ҷамъият ва ҳуқуқ» доир гардид.       Дар ҳамоиш зикр шуд, ки парлумони Тоҷикистон ҷиҳати ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон як қатор санадҳои ҳуқуқиро қабул намудааст. Кодексҳои  гражданӣ, меҳнат, оила ва ҷиноии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи гурезагон», «Дар бораи вазъи ҳуқуқии шаҳрвандони хориҷӣ», «Дар бораи муҳоҷират», «Дар бораи шаҳрвандӣ», «Дар бораи сарҳади давлатӣ» дар таъмини ҳукуқу озидиҳои инсон, бахусус гурезагон нақши муассир мегузорад.        Тибқи иттилои Хадамоти муҳоҷирати Вазорати корҳои дохилии ҷумҳурӣ, феълан дар Ҷумҳурии Тоҷикистон беш аз 1700 гуреза, ки аслан шаҳрвандони Ҷумҳурии Исломии Афғонистон мебошанд, ба қайд гирифта шудаанд.

Декабрь 26, 2008 10:44

Хабарҳои дигари ин бахш

9 феврал дар якчанд идораю корхона нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
6 феврал дар якчанд вазорату идораҳо нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Оид ба тағйирёбии иқлим ва стратегияҳои мутобиқшавӣ дар Осиёи Марказӣ конференсияи байналмилалӣ доир мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд кумита, Академияи миллии илмҳо, Агентии назорати давлатии энергетикӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
5 феврал дар якчанд кумита, Академияи миллии илмҳо, Агентии назорати давлатии энергетикӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст
СОЛИ 2026 — СОЛИ АМАЛҲОИ НЕК, ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДА ВА ДАСТОВАРДҲОИ НАЗАРРАС. Онро метавон марҳилаи нави ободонӣ ва худшиносии миллӣ номид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд