ТО СОЛИ 2010 ШАҲРВАНДИ РУСИЯ ШУДАН ОСОНТАР ХОҲАД БУД

Декабрь 18, 2008 14:06

                      Маскав, 18 декабр. (АМИТ «Ховар» — Регнум). — Думаи давлатии Федератсияи Русия 17 декабр лоиҳаи қонунро «Дар бораи даровардани тағйирот ба моддаи 14 қонуни федералӣ «Оид ба шаҳрвандии Федератсияи Русия» маъқул донист. Мувофиқи қонун, шаҳрвандони хориҷӣ метавонанд то 1 январи соли 2010 мувофиқи тартиботи соддакардашуда шаҳрванди Русия гарданд. Ба қавли муовини раиси кумитаи қонунгузории конститутсионӣ ва сохтори давлатии Думаи давлатӣ Сергей Сметанюк, қонун пешбинӣ мекунад, ки мӯҳлати додани ҳуқуқи шаҳрванди Русия ба шаҳрвандони хориҷӣ то 1 январи соли 2010 дароз карда шуд.                      Ин ба мақомоти салоҳиятдор имкон медиҳад, ки роҳу усулҳои ҳалли масъалаи додани шаҳрвандии Русияро ба шаҳрвандони хориҷӣ, шахсони бетабаияти дар гузашта шаҳрванди ИҶШС буда, ки ҳуқуқи шаҳрвандии давлатҳои дигари Иттиҳоди Шӯравиро ба даст наовардаанд, ҳаллу фасл намоянд. Шаҳрвандони хориҷӣ ва шаҳрвандони бетабаияти аз давлатҳои собиқи шӯравӣ ба Русия омада, ки дар маҳалли зисташон ба қайд гирифта шудаанд ва аз 1 июли соли 2002 дар қаламрави Русия зиндагӣ мекунанд, инчунин шахсоне, ки ба зиндагии муваққатӣ иҷозатнома гирифтаанд, аз рӯи тартиботи соддакардашуда шаҳрванди Русия гардида метавонанд.  

Декабрь 18, 2008 14:06

Хабарҳои дигари ин бахш

6 феврал дар якчанд вазорату идораҳо нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Оид ба тағйирёбии иқлим ва стратегияҳои мутобиқшавӣ дар Осиёи Марказӣ конференсияи байналмилалӣ доир мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд кумита, Академияи миллии илмҳо, Агентии назорати давлатии энергетикӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
5 феврал дар якчанд кумита, Академияи миллии илмҳо, Агентии назорати давлатии энергетикӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст
СОЛИ 2026 — СОЛИ АМАЛҲОИ НЕК, ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДА ВА ДАСТОВАРДҲОИ НАЗАРРАС. Онро метавон марҳилаи нави ободонӣ ва худшиносии миллӣ номид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
4 феврал дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад