ТОЛИБИЛМОНИ ТОҶИК БА ТЕҲРОН РАФТАНД
Душанбе, 29 декабр. (АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).- Дар доираи тақвияти ҳамкории Вазорати маорифи Тоҷикистон ва Вазорати омӯзишу парвариши Эрон гурӯҳи мактаббачагони тоҷик ба Теҳрон сафар карданд. Дар маросими гусели мактаббачагон, ки дар Сафорати Эрон дар Тоҷикистон баргузор шуд, намояндаи сафорати ин кишвар дар Душанбе Парвизи Самадӣ гуфт: «Ҳадафи ташкили чунин сафарҳо ба Эрон тавсеаи робитаҳои илмию фарҳангии ду кишвари ҳамзабон аст». Тибқи иттилои директори мактаби ҷумҳуриявии бачагони болаёқати Вазорати маорифи мамлакат Шокирҷон Гадоев, гурӯҳи толибилмоне, ки ба Эрон сафар карданд, хонандагони болаёқат ва дорои истеъдоди баланд буда, дар чандин озмуну олимпиадаҳои шаҳриву вилоятӣ, ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ иштирок намудаанд. Муддати 10 рӯз 26 нафар толибилм ва 4 нафар омӯзгори тоҷик аз ҷойҳои таърихию фарҳангии Эрон дидан намуда, бо ҷараёни таълим дар дабистонҳои ин кишвар шинос мешаванд.








6 феврал дар якчанд вазорату идораҳо нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Оид ба тағйирёбии иқлим ва стратегияҳои мутобиқшавӣ дар Осиёи Марказӣ конференсияи байналмилалӣ доир мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст
СОЛИ 2026 — СОЛИ АМАЛҲОИ НЕК, ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДА ВА ДАСТОВАРДҲОИ НАЗАРРАС. Онро метавон марҳилаи нави ободонӣ ва худшиносии миллӣ номид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд






