ВАҚТҲОИ ОХИР САГҲОИ ДЕВОНА ОДАМОНРО МЕГАЗАНД

Декабрь 19, 2008 15:28

                   Душанбе, 19 декабр. (АМИТ «Ховар», Лутфия Эшонқулова).- Дар Кумитаи давлатии омори ҶТ ба мухбири АМИТ «Ховар» хабар доданд, ки шумораи расмии беморони сил дар ҷумҳурӣ ба 3486 нафар расидааст. Қисми зиёди онҳо дар вилояти Хатлон, махсусан дар ноҳияи Восеъ ба қайд гирифта шудаанд. Бо ин мақсад кормандони тиб тасмим гирифтаанд, ки дар макотиби олӣ ва таҳсилоти умумӣ корҳои санитарию профилактикӣ гузаронанд.                  Имрӯз намояндагони Маркази саломатии шаҳрии №8 бо 300 нафар донишҷӯи Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ бобати ин касалии сироятӣ машварат доир намуданд. Онҳо донишҷӯёнро бо аломатҳои аввалини касалии сил ва оқибатҳои он шинос карданд.                 Зикр гардид, ки имрӯз дар ҷумҳурӣ шумораи дигар касалиҳои занона низ афзудааст. Вақтҳои охир касалиҳои ҳорӣ, ки дар натиҷаи газидани ҳайвонҳои девона пайдо мешавад, ба қайд гирифта шудаанд.                 Аз рӯи маълумоти Кумитаи омор, дар соли ҷорӣ 73133 нафар гирифтори касалиҳои сироятӣ ба қайд гирифта шудаанд, ки ин шумора нисбат ба соли гузашта 1,8 % зиёд мебошад.  

Декабрь 19, 2008 15:28

Хабарҳои дигари ин бахш

9 феврал дар якчанд идораю корхона нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
6 феврал дар якчанд вазорату идораҳо нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Оид ба тағйирёбии иқлим ва стратегияҳои мутобиқшавӣ дар Осиёи Марказӣ конференсияи байналмилалӣ доир мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд кумита, Академияи миллии илмҳо, Агентии назорати давлатии энергетикӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
5 феврал дар якчанд кумита, Академияи миллии илмҳо, Агентии назорати давлатии энергетикӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст
СОЛИ 2026 — СОЛИ АМАЛҲОИ НЕК, ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДА ВА ДАСТОВАРДҲОИ НАЗАРРАС. Онро метавон марҳилаи нави ободонӣ ва худшиносии миллӣ номид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд