ВАРЗИШГАРОН БА МУСОБИҚАИ ГУШТИНГИРӢ ОМОДАГИИ БЕҲТАР ДИДААНД
Хоруғ, 6 декабр. (АМИТ «Ховар», Л.Додо).- Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии ВМКБ солҳои охир ба рушди варзиш дар деҳот эътибори ҷиддӣ медиҳад. Миёни ҷавонон ва мактаббачагон пайваста мусобиқаҳо гузаронида мешавад. Чунончи, ҳафтаи ҷорӣ дар толори варзишгоҳи ҷамоати Поршнев мусобиқаи варзишӣ аз намуди гуштини миллӣ баргузор гардид. Тавре мутахассиси бахши варзиши Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии вилоят Бек Хусравов иттилоъ дод, дар мусобиқа 134 нафар варзишгарон иштирок намуданд. Ҷавонону наврасон аз кулли усулҳои ин намуди варзиш истифода бурда, қувваозмоӣ карданд. Мусобиқа нишон дод, ки варзишгарон Алишери Ҳамроз, Интизор Абдуллоев, Саид Эҳсонов, Мирзо Алибахшов, Алидод Сафарбеков, Мақсуд Лашкарбеков, Рустами Салимзод ва Сарбози Сиҷотхон ба ин мусобиқа омодагии беҳтар дидаанд. Ғолибон бо мукофотҳои қимматбаҳои Раёсати ҷавонон, варзиш ва сайёҳии вилоят қадрдонӣ карда шуданд.








9 феврал дар якчанд идораю корхона нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Оид ба тағйирёбии иқлим ва стратегияҳои мутобиқшавӣ дар Осиёи Марказӣ конференсияи байналмилалӣ доир мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст
СОЛИ 2026 — СОЛИ АМАЛҲОИ НЕК, ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДА ВА ДАСТОВАРДҲОИ НАЗАРРАС. Онро метавон марҳилаи нави ободонӣ ва худшиносии миллӣ номид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд






