ЯГОНА ТАДБИР ИСТИФОДАИ САРФАКОРОНА ВА ПАРДОХТИ ҲАҚҚИ ИСТИФОДАИ БАРҚ АСТ!
Душанбе, 3 декабр. (АМИТ «Ховар», Мавзуна Бойева).- Аз ШСХ «Барқи тоҷик» ба мухбири АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ки дар мувофиқа бо Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аҳолӣ дар тамоми гӯшаву канори ҷумҳурӣ аз лимити муқарраргардида зиёд барқ гирифт. Аз ҷумла, дар вилояти Суғд-36 миллион кВт.соат, дар вилояти Хатлон 24 миллион кВт.соат, дар ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ 5,7 миллион кВт.соат зиёд барқ истифода шуд. Пойтахти ҷумҳурӣ ва маркази вилоятҳо пурра бо барқ таъмин буданд. Бояд зикр намуд, ки ба Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Туркманистон 216 миллион ва аз Ӯзбекистон 36 миллион кВт.соат нерӯи барқ ворид карда шудааст. Барои нисбатан сабук гузаштани зимистони дарпешистода, ягона тадбир сарфакорона истифода бурдани нерӯи барқ ва сари вақт пардохт намудани хаққи истифодаи он мебошад.








9 феврал дар якчанд идораю корхона нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Оид ба тағйирёбии иқлим ва стратегияҳои мутобиқшавӣ дар Осиёи Марказӣ конференсияи байналмилалӣ доир мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст
СОЛИ 2026 — СОЛИ АМАЛҲОИ НЕК, ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДА ВА ДАСТОВАРДҲОИ НАЗАРРАС. Онро метавон марҳилаи нави ободонӣ ва худшиносии миллӣ номид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд






