ЯРМАРКАИ ИДОНА БА МУНОСИБАТИ СОЛИ НАВ

Декабрь 6, 2008 12:22

                 Душанбе, 6 декабр. ( АМИТ «Ховар», Тахмина Ғоибназарова. Имрӯз дар шаҳри Душанбе ярмаркаи навбатии ҳаштуми ҳарсолаи солинавӣ кушода мешавад, ки дар он намунаҳои беҳтарини маҳсули дастони устоҳои халқӣ ба маърази тамошо гузошта хоҳанд шуд. Инчунин дар доираи ярмарка намоишгоҳҳои асарҳои рассомони ҷавон, асарҳои бачагони маъюб ва асарҳои шогирдони толори бадеии рассомӣ кушода мешавад. Дар мағозаи махсус маҳсули дастони устоҳои халқии ноҳияи Мурғоб ба фурӯш гузошта мешаванд. Дар ин ҷо сӯзанӣ, асбобу анҷоми сафолӣ, асбобҳои мусиқӣ, асбобу анҷоми меҳнат ва шикор, инчунин либосҳои аз пӯсти ҳайвонот дӯхташударо харидан мумкин аст.                 Ташкилкунандагони ярмарка маркази фарҳангии «Бохтар», Бунёди Кристенсен ва созмони байналхалқии ғайриҳукуматии АСТЕД -и Фаронса мебошанд.

Декабрь 6, 2008 12:22

Хабарҳои дигари ин бахш

6 феврал дар якчанд вазорату идораҳо нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Оид ба тағйирёбии иқлим ва стратегияҳои мутобиқшавӣ дар Осиёи Марказӣ конференсияи байналмилалӣ доир мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд кумита, Академияи миллии илмҳо, Агентии назорати давлатии энергетикӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
5 феврал дар якчанд кумита, Академияи миллии илмҳо, Агентии назорати давлатии энергетикӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст
СОЛИ 2026 — СОЛИ АМАЛҲОИ НЕК, ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДА ВА ДАСТОВАРДҲОИ НАЗАРРАС. Онро метавон марҳилаи нави ободонӣ ва худшиносии миллӣ номид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
4 феврал дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад