ЯРМАРКАИ ИДОНА ДАР ДУШАНБЕ

Декабрь 29, 2008 09:37

          Душанбе,  29  декабр. (АМИТ «Ховар»,  Покиза  Маҳмадбекова). – Субҳи  имрӯз  бозори  маҳаллаи Қарияи  болои  шаҳри  Душанбе   хеле  серодам  буд. Аз  мақомоти  маҳаллии  иҷроияи  ҳокимияти  давлатӣ   ба  АМИТ «Ховар»  хабар  доданд, ки   имрӯз  дар  ин  ҷо  ярмаркаи  маҳсулоти  кишоварзӣ  кушода  шуд. Ташкилкунандаи  он  Иттиҳодияи  «Тоҷикматлубот»  мебошад.  Сардори  шӯъбаи  истеҳсоли  маҳсулоти   иттиҳодия   Фаррух  Қаюмов  зикр  намуд, ки   ярмаркаи  мазкур   ба  муносибати  иди  Соли  нав  ташкил  карда шуд ва  дар  он  бештар аз  450  тонна  маҳсулоти  гуногуни  кишоварзӣ  пешкаши  харидорон  гардонида  мешавад. Нархи  маҳсулот  дар  ярмарка  нисбат ба   нархи  бозор  20  фоиз  арзон  аст. Дар  ярмарка  маҳсулоти   хоҷагиҳои  деҳқонии  вилоятҳои  Суғду  Хатлон  ва  ноҳияҳои  тобеи  марказ  фурӯхта  мешавад.

Декабрь 29, 2008 09:37

Хабарҳои дигари ин бахш

9 феврал дар якчанд идораю корхона нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
6 феврал дар якчанд вазорату идораҳо нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Оид ба тағйирёбии иқлим ва стратегияҳои мутобиқшавӣ дар Осиёи Марказӣ конференсияи байналмилалӣ доир мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд кумита, Академияи миллии илмҳо, Агентии назорати давлатии энергетикӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
5 феврал дар якчанд кумита, Академияи миллии илмҳо, Агентии назорати давлатии энергетикӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст
СОЛИ 2026 — СОЛИ АМАЛҲОИ НЕК, ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДА ВА ДАСТОВАРДҲОИ НАЗАРРАС. Онро метавон марҳилаи нави ободонӣ ва худшиносии миллӣ номид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд