ЁДДОШТИ ЭЪТИРОЗИИ САФОРАТИ РУСИЯ БА УНВОНИ ВКХ ТОҶИКИСТОН

Декабрь 24, 2008 16:47

           Душанбе,  24  декабр. (АМИТ «Ховар»,  Наргис  Бояхмедова). – Сафоратхонаи  Федератсияи  Русия    дар  Тоҷикистон имрӯз  ба  унвони  вазорати  корҳои  хориҷии  Тоҷикистон ёддошти  эътирозӣ  фиристод.  Дар  он  гуфта  мешавад: «Вақтҳои охир  дар  воситаҳои  ахбори оммавии  Тоҷикистон  шароити   кору  зиндагии   шаҳрвандони тоҷик   дар  қаламрави   Федератсияи  Русия  ба  таври  васеъ  муҳокима  карда  мешавад. Чунин  хабару  мақолаҳо   бевосита   ба  манфиатҳои  куллии   Федератсияи  Русия   дахолат  мекунанд,  бинобар  ин  сафорат  зарур  мешуморад, ки  моҳияти онҳоро  шарҳ  дода,  инчунин  ба   саволҳои  пешниҳоднамудаи  журналистон  ҷавоб  диҳад.         Баъзе   воситаҳои  ахбори оммавӣ шарҳи   сафоратро роҷеъ  ба   баъзе  ҷиноятҳои нисбати   шаҳрвандони  тоҷик  дар  Русия   содиргардида  бо  тағйироти  ҷиддӣ ва  таҳрифкорона  чоп  кардаанд. Дар  натиҷа   мазмуну  моҳияти онҳо  ба  куллӣ  тағйир  ёфтааст.  Хусусан   хабари   дар  нашрияи  «ФК – Капитал»  чопшуда, мазмуну  мундариҷаи  иғвогарона  дошта,  роҳбарияти  сафоратхонаро  таҳқир  менамояд. Сафорат   таваҷҷӯҳи  вазоратро  ба он  ҷалб  менамояд, ки   баъзе   нашрияҳои  Тоҷикистон,  аз  ҷумла,  «СССР», «Нигоҳ»,  «Миллат»,  «Фараж» ва  ғайра дар мақолаҳои бахшида  ба  проблемаҳои  коргарони  муҳоҷир  на  танҳо  хабарҳои   бардурӯғ  чоп  мекунанд,  балки   дар  аксари  мавридҳо  ба  унвони   роҳбарони  баландпояи  Русия  ва  сиёсати   берунии  он   суханҳои беадабона  изҳор  менамоянд. Мо  чунин  муносибатро  комилан  нораво  мешуморем. Кӯшиши  ба  сиёсати  расмии  роҳбарияти  Русия   нисбат  додани ҷиноятҳои  алоҳидаи  дар  қаламрави  Русия  ба  муқобили   шаҳрвандони  Тоҷикистон содиршуда ғайр  аз ҷидду  ҷаҳди мақсадноки   гумроҳ  сохтани  ҷомеаи  Тоҷикистон  чизи  дигар  буда  наметавонад.  Ҷидду  ҷаҳди баъзе  воситаҳои  ахбори  оммавии  Тоҷикистон, ки  мехоҳанд,  симои  Русияро   ҳамчун  душмани  халқи  тоҷик  қаламдод  кунанд,  аслан   ба  рӯҳияи  анъанавии  муносибатҳои  дӯстона  ва  ҳамкории  Русия  ва  Тоҷикистон  мухолиф  мебошад.  Ҳол  он  ки  ҳамин  рӯҳияи  хайрхоҳона  халқҳо ва  мамлакатҳои  моро  муттаҳид  месозад».         Дар  ин  бора  аз  сафорати  Русия  дар  Тоҷикистон  ба  АМИТ «Ховар»  хабар  доданд. 

Декабрь 24, 2008 16:47

Хабарҳои дигари ин бахш

9 феврал дар якчанд идораю корхона нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
6 феврал дар якчанд вазорату идораҳо нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Оид ба тағйирёбии иқлим ва стратегияҳои мутобиқшавӣ дар Осиёи Марказӣ конференсияи байналмилалӣ доир мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд кумита, Академияи миллии илмҳо, Агентии назорати давлатии энергетикӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
5 феврал дар якчанд кумита, Академияи миллии илмҳо, Агентии назорати давлатии энергетикӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст
СОЛИ 2026 — СОЛИ АМАЛҲОИ НЕК, ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДА ВА ДАСТОВАРДҲОИ НАЗАРРАС. Онро метавон марҳилаи нави ободонӣ ва худшиносии миллӣ номид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд