ЗОИРИНИ ТОҶИК АЗ ТУРКИЯ БА ВАТАН ФИРИСТОДА МЕШАВАНД

Декабрь 9, 2008 10:33

Истамбул,  9   декабр.  (АМИТ «Ховар»,  Катерина  Аксакова ).-  Гурӯҳи  зоирони  тоҷик, ки  аз  сарҳади Арабистони  Саудӣ   баргардонда шуда  буданд, айни  ҳол   дар   шаҳри  Истамбул  мебошанд. Аз  сафоратхонаи  Тоҷикистон  дар  Туркия   ба  мухбири  АМИТ «Ховар»  хабар  доданд, ки  82  нафар  шаҳрванди  Тоҷикистон  мехостанд,   бо  раводидҳои  қалбакӣ  ба  шаҳри  Ҷидда ворид  гарданд. Вале  онҳоро  дар  майдои  ҳавоии  шаҳр  боздошта,  ба  ақиб  баргардонданд.                Ба  қавли  худи  зоирон,  гурӯҳи  онҳо  аз  200 нафар  иборат  буд ва  ҳамаашон  22 ноябр баъди  ба  расмият  даровардани  ҳуҷҷатҳо  аз  Душанбе  ба Истамбул  парвоз  карданд. Аз  он ҷо  ба  воситаи  автобусҳо ба  Арабистони  Саудӣ  раҳсипор  гардиданд. Ҳамаи  мусофирон  аз  қаламрави  Туркия,  Сурия  ва  Урдун   бе  ягон мамониат  гузаштанд.  Вале  марзбонони  Арабистони  Саудӣ   дар  сарҳади  мамлакат  онҳоро  боздошта  изҳор  намуданд, ки  раводиди  шиносномаҳои  онҳо  танҳо  барои   парвоз  бо  ҳавопаймоҳо  пешбинӣ  шудааст. Ҳеҷ  кас  ба  мо  дар  бораи  қалбаки  будани  раводидҳоямон  чизе  нагуфт,  зикр  карданд  зоирон.             Мусофирони  тоҷик  баъди  ин  ба   шаҳри  Димишқ  баргашта,  дар  ин  ҷо  бо гурӯҳҳои  алоҳида  бо  ҳавопаймо  ба  Ҷидда  парвоз  карданд. Аз  200 нафари онҳо  ба  118  нафар  муяссар  шуд,  ки   ба  шаҳр  ворид  гарданд. 82  нафар  бо  сабаби   қалбакӣ  будани  раводидҳояшон  пас  гардонида шуданд.               Мусофирон  дар  роҳи  бозгашт  20  километр  дуртар аз  шаҳри  сарҳадии  Туркия – Хатай  дар  деҳаи  Овакент  таваққуф  намуданд, ки  сокинони он  асосан  афғонҳои  гуреза  мебошанд. Афғонҳо  дар  давоми  панҷ  рӯз   ба  мусофирон  обу  ғизо  ва  сарпаноҳ  доданд.             Дар  сафоратхонаи  Тоҷикистон  барои  ҳалли  масъалаи  зоирони тоҷик   ситоди  махсус  ташкил  дода шуд. Котиби  аввали  сафоратхонаи  Тоҷикистон  дар  Туркия   Сафар  Сафаров  барои  муайян  кардани  вазъият  ба  деҳаи  Хатай  ба  назди  мусофирон  рафт. Субҳи  8  декабр   ҳамаи  мусофирон ба  Истамбул  оварда шуданд.           Раиси  Шӯрои тиҷоратии  ДЕЙК – и  Тоҷикистону  Туркия  Исмоил  Кавунҷи   хароҷоти  буду  бош ва таъминоти  мусофирони тоҷикро  ба  зиммаи  худ  гирифт.  Мусофирони тоҷик  имрӯз  ба  воситаи  ҳавопаймои Тоҷикистон  аз  Истамбул  ба  ватан   фиристода  мешаванд. 

Декабрь 9, 2008 10:33

Хабарҳои дигари ин бахш

Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
29 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо оид ба ҷамъбасти соли 2025 нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Дар Русия аз дақиқаҳои аввал дар алоқа бимонед!
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар Кумитаи рушди маҳал, Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ, Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкорӣ, Саридораи геология ва Маркази миллии тестӣ нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд