ЗОИРИНИ ТОҶИК ДАР АРАБИСТОНИ САУДӢ БА ЯГОН ДУШВОРӢ РӮ БА РӮ НАМЕШАВАН
Душанбе, 4 декабр. (АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).- Агентии иттилоотии интренетии «Ислом -нюс» хабар дод, ки имрӯз 90 нафар шаҳрванди Тоҷикистон аз шаҳри Ҷидда ба ватан фиристода мешаванд. Тавре, ки маълум шуд, шаҳрвандони тоҷик бо мақсади адои маросими ҳаҷ ба Макка бо раводидҳои қалбакӣ сафар кардаанд. Худи зоирон изҳор намуданд, ки раводидҳояшонро аз як ширкати сайёҳии шаҳри Душанбе гирифтаанд. Ширкати мазкур ба тайёр кардани ҳуҷҷатҳои зоирон барои адои маросими ҳаҷ машғул мебошад. Сармутахасиси Раёсати умумии масъалаҳои дини Вазорати фарҳанги Тоҷикистон Мирзо Бобокалонов ба мухбири АМИТ «Ховар» хабар дод, ки ҳамаи панҷ ҳазор зиёраткунандагони ҷойҳои муқаддаси ислом аз Тоҷикистон дар Арабистони Саудӣ ба ягон душворӣ рӯ ба рӯ нагардидаанд. Сафари онҳо дар ин шаҳр бе ягон мамониат давом дорад. Ҳавопаймои охирин гурӯҳи зоирини тоҷикро 30 ноябр аз Хуҷанд ба шаҳри Ҷидда бурда буд. Мирзо Бобокалонов зикр намуд, ки гурӯҳи нахустини хоҷиёни тоҷик 14-15 декабр ба Ватан бар мегарданд.








9 феврал дар якчанд идораю корхона нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Оид ба тағйирёбии иқлим ва стратегияҳои мутобиқшавӣ дар Осиёи Марказӣ конференсияи байналмилалӣ доир мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст
СОЛИ 2026 — СОЛИ АМАЛҲОИ НЕК, ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДА ВА ДАСТОВАРДҲОИ НАЗАРРАС. Онро метавон марҳилаи нави ободонӣ ва худшиносии миллӣ номид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд






