1 МИЛЛИАРДУ 324 МИЛЛИОН ЙЕН БАРОИ ТАҶДИДИ РОҲИ ДӮСТӢ-ПАНҶИ ПОЁН

Январь 14, 2009 14:30

           Душанбе, 14 январ. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). – Ҳукумати Ҷопон барои татбиқи лоиҳаи таҷдиди роҳи автомобилгарди Дӯстӣ-Панҷи Поён 1 миллиарду 324 миллион йени ҷопонӣ ё тақрибан 15 миллион доллари ИМА грант ҷудо менамояд. Дар ин бора имрӯз, 14 январ Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳамрохон Зарифӣ ва Кордори Сафорати Ҷопон дар Тоҷикистон Ёшихиро Накаяма дар шаҳри Душанбе созишнома ба имзо расониданд.            Кордори Сафорати Ҷопон дар Тоҷикистон Ёшихиро Накаяма ин созишномаро натиҷаи ҳамкориҳои мустаҳками ҳарду кишвар арзёбӣ намуда, зикр кард, ки бо назардошти мавқеи ҷуғрофии Тоҷикистон дар байни Авруосиё ва Осиё шабакаи нақлиётии кишвар дорои аҳамияти бузург барои густариши минбаъдаи ҳамкориҳои минтақавӣ ва байналмилалӣ аст.            Тазаккур додан ба маврид аст, ки роҳи Дӯстӣ-Панҷи Поён қисми 23,7 километраи роҳи Қурғонтеппа-Панҷи Поёнро ташкил медиҳад, ки дар ду марҳала барқарор мешавад. Марҳилаи якуми лоиҳа, ки таъмири 8,3 километр роҳро дар бар мегирифт, аллакай анҷом ёфт. Марҳилаи дуюми ин лоиҳа барқарор намудани 15,36 километри боқимондаи онро дар бар гирифта, мӯҳлати амалисозии он як сол мебошад.  

Январь 14, 2009 14:30

Хабарҳои дигари ин бахш

6 феврал дар якчанд вазорату идораҳо нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Оид ба тағйирёбии иқлим ва стратегияҳои мутобиқшавӣ дар Осиёи Марказӣ конференсияи байналмилалӣ доир мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд кумита, Академияи миллии илмҳо, Агентии назорати давлатии энергетикӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
5 феврал дар якчанд кумита, Академияи миллии илмҳо, Агентии назорати давлатии энергетикӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст
СОЛИ 2026 — СОЛИ АМАЛҲОИ НЕК, ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДА ВА ДАСТОВАРДҲОИ НАЗАРРАС. Онро метавон марҳилаи нави ободонӣ ва худшиносии миллӣ номид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
4 феврал дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад